https://sputnik.tj/20220629/suriya-istiqloliyat-jml-jmd-erof-kard-1049615755.html
Сурия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро эъроф кард
Сурия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро эъроф кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Сурия тасмими эътирофи истиқлолият ва соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эълон кард
2022-06-29T19:15+0500
2022-06-29T19:15+0500
2022-06-29T20:12+0500
ҷмл
ҷмд
истиқлолият
сурия
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049615356_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_20945e621473b9b92946833573d162e0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Сурия тасмим гирифтааст, истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро ба расмият қабул кунад, гуфта мешавад дар изҳороти вазорати хориҷаи ин кишвар.Моҳи феврал президенти Русия Владимир Путин пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амният ба шаҳрвандони Федератсияи Русия муроҷиат карда, изҳор дошт, ки ӯ зарур мешуморад, ки қарор дар бораи фавран эътироф кардани соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ қабул карда шавад.Дарҳол пас аз муроҷиати президент дар Кремл қарор дар бораи ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ имзо шуд.Дар фармонҳои худ Владимир Путин дастур дод, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия амният дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск таъмин шавад.Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегоҳии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ҷумҳуриҳо сафарбаркунии умумӣ эълон карда шудааст.Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.
https://sputnik.tj/20220306/putin-vurud-rusiya-donetsk-lugansk-ukraina-1046577966.html
ҷмл
ҷмд
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049615356_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_2998d541a0fef8c1f66522f8da245de9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия донетск луганск истиқлолият эътироф
сурия донетск луганск истиқлолият эътироф
Сурия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро эъроф кард
19:15 29.06.2022 (Навсозишуда: 20:12 29.06.2022) Вазорати корҳои хориҷии Сурия тасмими худ дар ҷиҳати эътирофи истиқлол ва соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эълон кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Сурия тасмим гирифтааст, истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро ба расмият қабул кунад, гуфта мешавад дар изҳороти вазорати хориҷаи ин кишвар.
"Ҷумҳурии Сурияи Араб тасмим гирифт, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва Ҷумҳурии Мардумии Луганскро эътироф кунад", - гуфта мешавад дар хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Сурия, ки ожонси давлатии САНА онро нашр кард.
Моҳи феврал президенти Русия Владимир Путин пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амният ба шаҳрвандони Федератсияи Русия муроҷиат карда, изҳор дошт, ки ӯ зарур мешуморад, ки қарор дар бораи фавран эътироф кардани соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ қабул карда шавад.
Дарҳол пас аз муроҷиати президент дар Кремл қарор дар бораи ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ имзо шуд.
Дар фармонҳои худ Владимир Путин дастур дод, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия амният дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск таъмин шавад.
Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегоҳии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ҷумҳуриҳо сафарбаркунии умумӣ эълон карда шудааст.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.