https://sputnik.tj/20220306/putin-vurud-rusiya-donetsk-lugansk-ukraina-1046577966.html
Путин вуруд ба Русияро аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва Украина осон кард
Путин вуруд ба Русияро аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва Украина осон кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони ҶМД, ҶМЛ ва Украина метавонанд ба Федератсияи Русия бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худ ворид ва хориҷ шаванд
2022-03-06T09:05+0500
2022-03-06T09:05+0500
2022-03-09T20:54+0500
дар русия
украина
ҷмд
ҷмл
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046577647_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_bdbe75e989b57b4c7413d211ce582007.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вуруд ба Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз қаламравҳои ҶМД, ҶМЛ ва Украина содда кардаанд.Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл бо истинод ба фармони раисҷумҳури ин кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ қарори дахлдор сар аз 5 март мавриди амал қарор гирифта, ҳамакнун шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо метавонанд бе мамониат ва бидуни раводид ба Русия оян ва кору зиндагӣ кунанд.Инчунин бо чунин ҳуҷҷат шаҳрвандон метавонанд боз ба ҷумҳуриҳои хуб бе мамониат баргарданд.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220305/putin-nerui-rusiya-hadaf-ukraina-1046568244.html
украина
ҷмд
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046577647_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_9c4118fa599d60838e41d7d0557e0b16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин вуруд русияро ҷумҳуриҳо донетск, луганск украина осон
путин вуруд русияро ҷумҳуриҳо донетск, луганск украина осон
Путин вуруд ба Русияро аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва Украина осон кард
09:05 06.03.2022 (Навсозишуда: 20:54 09.03.2022) Шаҳрвандони ҶМД, ҶМЛ ва Украина метавонанд ба Федератсияи Русия бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худ ворид ва аз он ҷо хориҷ шаванд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вуруд ба Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз қаламравҳои ҶМД, ҶМЛ ва Украина содда кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл бо истинод ба фармони раисҷумҳури ин кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ қарори дахлдор сар аз 5 март мавриди амал қарор гирифта, ҳамакнун шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо метавонанд бе мамониат ва бидуни раводид ба Русия оян ва кору зиндагӣ кунанд.
Инчунин бо чунин ҳуҷҷат шаҳрвандон метавонанд боз ба ҷумҳуриҳои хуб бе мамониат баргарданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.