Раҳмон: Русия шарики стратегии Тоҷикистон мебошад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо роҳбари Русия таъкид кард, ки Маскав шарики аслии стратегӣ ва тиҷории кишвар мебошад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, Маскав як шарики муҳими стратегӣ барои Душанбе мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, Русия шарики муҳими стратегии Тоҷикистон ва шарики муҳими тиҷориву иқтисодии кишвар мебошад.
Вай гуфт, табодули коло миёни ду кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
“Муносибатҳои мо динамикаи баланди рушд доранд, равобит байни минтақаҳо низ фаъолона инкишоф меёбанд – зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра доранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи Раҳмон, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона низ дар сатҳи баланд қарор доранд, масалан, сохтмони панҷ мактаби таҳсилоташ бо забони русӣ муваффақ анҷом меёбад.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия гуфт
“Аз ҷумла мехоҳам ҳамкориҳои кишварҳои моро дар заминаи амниятӣ таъкид намоям”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон изҳори омодагӣ кард, ки вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия ва масоили байналмилалию минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0