Путин аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия гуфт

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Роҳбари Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кор мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда доранд ва “пули дӯстӣ” миёни кишварҳо ҳастанд.
"Шумо медонед, мо шароити мусоидеро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ҷорӣ кардаем ва Шумо ҳамеша дар вохӯриҳои шахсии мо ин масъаларо ба миён мегузоред. Имрӯз ман метавонам бигӯям, ки ин муҳоҷирон дар рушди иқтисод саҳми арзанда доранд ва онҳо мисли як пули инсонӣ, пули дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳастанд”, - гуфт Путин.
Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, хушҳол аст, ки ба ин сарзамини дӯст ва шарики Русия омадааст.
Роҳбари Русия дар мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, вазъи пандемияи коронавирус дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст ва ӯ аз дидор ба сарзамини дӯст ва муттаҳиди Русия хушҳол мебошад.
Президент РФ В. Путин принял участие во встреча лидеров государств - членов ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин назари Раҳмонро дар мавриди Афғонистон пурсид
Вай афзуд, равобити ду кишвар амиқу эътимодбахш аст.
"Мулоқот бояд қаблан баргузор мешуд, аммо мутаассифона, шароити пандемия маҳдудиятҳои худро ворид кард. Ҳоло вазъ беҳтар аст, аз ин рӯ, чуноне ки мувофиқа карда будем... имрӯз мо дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии дигари дуҷониба баргузор кардем. Ман хеле шодам, ки дар сарзамини дӯст ва ҳампаймонамон дар ин минтақа қарор дорам", - гуфт Путин зимни мулоқоти дуҷониба.
Путин ҳамчунин Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки як рӯз пеш онро Тоҷикистон ҷашн гирифт, табрик кард.
"Муносибатҳои мо хеле амиқу эътимодбахш ҳастанд ва мо ҳампаймонем. Мо дар ҳама самтҳо кор мекунем", - афзуд роҳбари Русия ва аз рушди хуби равобити тиҷоративу иқтисодӣ тазаккур дод.
Ба гуфтаи вай, суръати афзоиши табодули коло миёни ду кишвар дар соли ҷорӣ дар сатҳи рекордӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0