Як каломи Путин Пентагонро ба даҳшат овард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел заседание президиума Госсовета
Президент РФ В. Путин провел заседание президиума Госсовета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Нияти қатъии Маскав барои интиқоли системаҳои мушакии "Искандар-М" ба Минск Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба даҳшат овард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Изҳороти президенти Русия Владимир Путин дар бораи интиқоли маҷмуаҳои мушакии "Искандар-М" ба Беларус Амрикоро ба воҳима андохт. Дар ин бора "The Hill" менависад.
Як афсари баландпояи низомии амрикоӣ ба нашрия гуфтааст, ки Пентагон аз як каломи раҳбари Русия ба даҳшат афтодааст.
"Ҳар дафъае, ки касе "ҳастаӣ" мегӯяд, мо нигарониҳо дорем", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин нияти интиқоли маҷмуаҳои "Искандар-М" ба Белорусро дар мулоқоти ахираш бо раисиҷумҳур Александр Лукашенко эълон кард. Минск метавонад дар моҳҳои наздик силоҳ бигирад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки сарвари давлат дар бораи интиқоли мушакҳои ҳастаӣ суҳбат накардааст, сухан дар бораи маҷмааҳое меравад, ки аз ҷиҳати техникӣ қодир ба ҳамли навъҳои гуногуни аслиҳа мебошанд.
Шикояти амрикоиҳо аз "дард"-и таҳримҳои зидди Русия
"Искандар-М" барои нест кардани ҳадафҳои хурд ва минтақавӣ дар масофаи то 500 км истифода мешавад.
Маҷмуъа қодир аст, ки ба системаҳои сершумори мушакӣ, артиллерияи дурпарвоз, пунктҳои фармондеҳӣ ва марказҳои алоқа, инчунин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар аэродромҳо зарба занад.
Мусаллаҳшавӣ имкон медиҳад, ки ҳам ракетаҳои баллистикӣ ва ҳам болдор дар аслиҳаи муқаррарӣ ё ҳастаӣ истифода шаванд.
Қудрати Русия дар чист: ду корти асосии кишвар алайҳи таҳримҳо ошкор шуд
Нақшаҳои Маскав раҳбарони G7-ро низ ба ҳаяҷон оварданд. Онҳо аз Русия даъват кардаанд, ки "масъулиятона рафтор кунад".
Лентаи хабарҳо
0