https://sputnik.tj/20220629/maqomot-shumor-nafaqagiron-tojikistonro-ifsho-1049611594.html
Мақомот шумори нафақагирон дар Тоҷикистонро гуфтанд
Мақомот шумори нафақагирон дар Тоҷикистонро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон шумор нафақагирон дар кишвар ва маблағе, ки барои пардохти нафақаи онҳо масраф мешавадро эълон кард
2022-06-29T16:00+0500
2022-06-29T16:00+0500
2022-06-29T17:59+0500
дар тоҷикистон
нафақа
маблағ
пардохт
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/94/1026539491_0:415:7952:4888_1920x0_80_0_0_64c0f2e0aca73ece3e617333e7ad1035.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба беш аз 758,4 ҳазор нафар нафақахӯр беш аз 1 миллиард сомонӣ пардохт шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто” дар истинод ба Агентии омори кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кӯмакпулӣ дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиарду 55,7 миллион сомониро ташкил додааст.Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-май соли равон 1 миллиарду 78,6 миллион сомониро ташкил дод.Манбаъ иттилоъ додааст, ки шумораи нафақахӯрон ба аввали моҳи июни соли равон 758 ҳазору 485 нафарро ташкил додааст.Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил шудааст.Қисми зиёди маблағҳо ба объектҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои энергетики дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20220426/hajm-pardokht-nafaqa-kumakpuli-tojikiston-1047979108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/94/1026539491_440:0:7512:5304_1920x0_80_0_0_543a8c464eb5cc7c1385ade4e4935eac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, нафақагир, ифшо, маблағ, пардохти нафақа, масраф
тоҷикистон, мақомот, нафақагир, ифшо, маблағ, пардохти нафақа, масраф
Мақомот шумори нафақагирон дар Тоҷикистонро гуфтанд
16:00 29.06.2022 (Навсозишуда: 17:59 29.06.2022) Мақомоти Тоҷикистон шумори нафақагирон дар кишвар ва маблағеро, ки барои пардохти нафақаи онҳо масраф мешавад, эълон карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба беш аз 758,4 ҳазор нафар нафақахӯр беш аз 1 миллиард сомонӣ пардохт шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто” дар истинод ба Агентии омори кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кӯмакпулӣ дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиарду 55,7 миллион сомониро ташкил додааст.
Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-май соли равон 1 миллиарду 78,6 миллион сомониро ташкил дод.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки шумораи нафақахӯрон ба аввали моҳи июни соли равон 758 ҳазору 485 нафарро ташкил додааст.
Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.
Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.
Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.
Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил шудааст.
Қисми зиёди маблағҳо ба объектҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои энергетики дода шудаанд.