https://sputnik.tj/20220426/hajm-pardokht-nafaqa-kumakpuli-tojikiston-1047979108.html
Эълони ҳаҷми пардохти нафақа ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон
Эълони ҳаҷми пардохти нафақа ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти охирин, дар кишвар ҳудуди 754 ҳазор нафақахӯр зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти онҳо аллакай пул гирифтаанд
2022-04-26T18:35+0500
2022-04-26T18:35+0500
2022-04-26T20:34+0500
дар тоҷикистон
нафақа
кӯмакпулии иҷтимоӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/73/1028517395_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_dade1294d22e90be2f7786d02cd100df.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон нафақа ва кумакпулӣ ба маблағи 565,4 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки муодили 45,2 миллион доллар аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Зимнан ҳаҷми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар кишвар дар соли ҷорӣ аз ҳисоби даромадҳо ба маблағи беш аз 3 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 283 миллион доллар муайян шудааст. Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст. Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад. Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст. Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод. Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил шудааст. Қисми зиёди маблағҳо ба объектҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои энергетики дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20220413/shart-nafaqa-muhojiron-tojik-1047615988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/73/1028517395_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_faf8c70c7dc851f6283b7d8a996bc93a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафақа кумакпулӣ тоҷикистон
нафақа кумакпулӣ тоҷикистон
Эълони ҳаҷми пардохти нафақа ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон
18:35 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:34 26.04.2022) Тибқи маълумоти охирин, дар кишвар ҳудуди 754 ҳазор нафақахӯр зиндагӣ мекунад, ки аксарияти онҳо аллакай пул гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон нафақа ва кумакпулӣ ба маблағи 565,4 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки муодили 45,2 миллион доллар аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Зимнан ҳаҷми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар кишвар дар соли ҷорӣ аз ҳисоби даромадҳо ба маблағи беш аз 3 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 283 миллион доллар муайян шудааст.
Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.
Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.
Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.
Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил шудааст.
Қисми зиёди маблағҳо ба объектҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои энергетики дода шудаанд.