ВКД дар Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро "шикор" мекунад

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Мақомоти интизомии Тоҷикистон масъалаи назорати риояи қавонини будубош дар Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро тақвият мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистонро ошкор мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.

"Марҳилаи якуми амалиёти "Нелегал - 2022" бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорати риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ба кор машғул шудани онҳо гузаронида мешавад", - омадааст дар хабар.

Марҳилаи якуми амалиёти "Нелегал - 2022" аз 27 июн то 4 июл ба роҳ монда мешавад.
Дар ин муддат кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд.
Тибқи гузориши манбаъ, феълан санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Ҷаримаи чор хориҷӣ дар Тоҷикистон: иҷозатномаи кор надоштанд
Рафти амалиёт аз тарафи кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони раёсати КДАМ, намояндагони Хадамоти муҳоҷират тибқи нақша иҷро мешавад.
Қаблан сомонаи "Фараж" хабар дод, ки аз аввали соли равон дар вилояти Хатлон чор шаҳрванди хориҷӣ барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷарима шуданд.
"Нисбати 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои надоштани иҷозатномаи кор ва будубошӣ ғайриқонунӣ тибқи модаи 138 қисми 2-3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуд", - зикр намуда буд манбаъ.
Ин чор нафар барои пардохт кардани 9 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муваззаф гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0