Ҷаримаи чор хориҷӣ дар Тоҷикистон: иҷозатномаи кор надоштанд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМигрант ждет рейс в аэропорту
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Хориҷиёнро барои надоштани иҷозатномаи кор ва ҳамчунин иқомати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ҳудуди даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои будубоши ғайриқонунӣ чор хориҷӣ ҷарима шуданд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж" аз қавли сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Азизода Баҳодурҷон.
Бар хабари манбаъ, дар панҷ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти марбута ин чор нафар хориҷӣ барои надоштани иҷозатномаи кор ва иқомати ғайриқонунӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Зикр гардид, шаҳрвандони хориҷие, ки ҷаримабандӣ гардиданд, ду зодаи Ҷумҳурии Афғонистон ва дуи дигар шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
"Нисбати 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои надоштани иҷозатномаи кор ва будубошӣ ғайриқонунӣ тибқи модаи 138 қисми 2-3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ин чор нафар барои пардохт кардани 9 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муваззаф гардиданд.
Илова бар ин, ба таъкиди Азиззода як тоҷикистонӣ низ ҷарима шуд. Номбурда дар як ширкати сохтмонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун роҳбар кор мекард ва саривақт ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷиро ба тартиб наоварда буд. Маҳз ба ҳамин хотир, шаҳрванди Тоҷикистон низ тибқи қонунгузории кишвар ҷарима шуд
Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд
Манбаъ меафзояд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 33 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 625 нафар хориҷӣ фаъолият мекунанд. Бештари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.
Дар ин ширкатҳо 4707 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кору фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0