https://sputnik.tj/20220629/antonov-ima-tahrim-1049617639.html
ИМА аз таҳримҳои ҷорикардааш ранҷ мебарад: Антонов роҳи раҳоиро нишон дод
ИМА аз таҳримҳои ҷорикардааш ранҷ мебарад: Антонов роҳи раҳоиро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаҳон аз байн рафтани занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, мушкилот дар бозори меҳнат, коҳиши даромади соҳибкорон ва аҳолӣ мушоҳида мешавад
2022-06-29T20:15+0500
2022-06-29T20:15+0500
2022-06-29T20:19+0500
дар русия
има
анатолий антонов
иқтисод
маҳдудият
тилло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_46740553b1ae6ce5b9c61743216be9e0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Канда шудани равобити иқтисодӣ бо Русия аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, буҳрони иқтисоди ҷаҳониро то ҳадди имкон шадидтар кард, навиштааст сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар канали Telegram-и худ."Дар ҳама ҷо коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ, вайрон шудани занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, суст шудани ҷараёни сармоягузорӣ, мушкилот дар бозори меҳнат, коҳиши даромади воқеии соҳибкорон ва аҳолӣ мушоҳида мешавад", - гуфт Антонов.Ҳамин тариқ, дипломат ба таҳримҳои зидди Русия вокуниш нишон дод, ки аз ҷумла ба воридоти тиллои он ва корхонаҳои комплекси саноатии ҳарбӣ таъсир расонидааст. Антонов таваҷҷуҳро ба он ҷалб намуд, ки худи Иёлоти Муттаҳида аз таҳримоти зидди Русия зарар мебинанд. Афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишвар дар тӯли 40 соли охир рекорд гузоштааст ва шарикони Вашингтон имконоти гузаштан ба ҳисоббаробаркуниро бо пули дигар бештар меомӯзанд."Бозорҳо мебинанд, ки амалҳои мақомоти амрикоӣ ғайричашмдошт буда, бесарусомонӣ ва ваҳм мекоранд. Саноати ватанӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Монеаҳои нав, аз ҷумла гардиши тилло ва содироти саноатӣ, қоидаҳои муқарраршудаи бозиро барои ҳама вайрон мекунанд", таъкид кард сафир.Вай ҳамчунин қайд кард, ки мавҷи маҳдудиятҳои зидди Русия ба буҳрони ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ мусоидат кардааст. Антонов: Таслимшавии Маскав дар Украина ҳеҷ гоҳ сурат намегирад"Сабабҳои аслии он қадамҳои бесаводонаи макроиқтисодии як қатор кишварҳои пешрафта, тағирёбии иқлим, пандемияи COVID-19 мебошанд. Роҳи раҳоӣ аз вазъ танҳо тавассути таъмини дастрасии озоди ғалла ва нуриҳои минералӣ, аз ҷумла Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ имконпазир аст", - гуфт Антонов.
https://sputnik.tj/20220618/antonov-khatar-jang-rusiya-amriko-hushdor-1049304809.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_7ed01ec898690470921697aeef4f367f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳримҳо, има, таъсир, буҳрон
таҳримҳо, има, таъсир, буҳрон
ИМА аз таҳримҳои ҷорикардааш ранҷ мебарад: Антонов роҳи раҳоиро нишон дод
20:15 29.06.2022 (Навсозишуда: 20:19 29.06.2022) Дар ҷаҳон аз байн рафтани занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, мушкилот дар бозори меҳнат, коҳиши даромади соҳибкорон ва аҳолӣ мушоҳида мешавад, гуфт сафири рус
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Канда шудани равобити иқтисодӣ бо Русия аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, буҳрони иқтисоди ҷаҳониро то ҳадди имкон шадидтар кард, навиштааст сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар канали Telegram-и худ.
"Дар ҳама ҷо коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ, вайрон шудани занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, суст шудани ҷараёни сармоягузорӣ, мушкилот дар бозори меҳнат, коҳиши даромади воқеии соҳибкорон ва аҳолӣ мушоҳида мешавад", - гуфт Антонов.
Ҳамин тариқ, дипломат ба таҳримҳои зидди Русия вокуниш нишон дод, ки аз ҷумла ба воридоти тиллои он ва корхонаҳои комплекси саноатии ҳарбӣ таъсир расонидааст.
Антонов таваҷҷуҳро ба он ҷалб намуд, ки худи Иёлоти Муттаҳида аз таҳримоти зидди Русия зарар мебинанд.
Афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишвар дар тӯли 40 соли охир рекорд гузоштааст ва шарикони Вашингтон имконоти гузаштан ба ҳисоббаробаркуниро бо пули дигар бештар меомӯзанд.
"Бозорҳо мебинанд, ки амалҳои мақомоти амрикоӣ ғайричашмдошт буда, бесарусомонӣ ва ваҳм мекоранд. Саноати ватанӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Монеаҳои нав, аз ҷумла гардиши тилло ва содироти саноатӣ, қоидаҳои муқарраршудаи бозиро барои ҳама вайрон мекунанд", таъкид кард сафир.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки мавҷи маҳдудиятҳои зидди Русия ба буҳрони ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ мусоидат кардааст.
"Сабабҳои аслии он қадамҳои бесаводонаи макроиқтисодии як қатор кишварҳои пешрафта, тағирёбии иқлим, пандемияи COVID-19 мебошанд. Роҳи раҳоӣ аз вазъ танҳо тавассути таъмини дастрасии озоди ғалла ва нуриҳои минералӣ, аз ҷумла Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ имконпазир аст", - гуфт Антонов.