https://sputnik.tj/20220628/rogozin-nato-mohvora-khususi-ukraini-1049574214.html
Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад
Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои хусусии фароҳамкунандаи хадамоти моҳвораӣ ба ҷамъоварии маълумоте машғуланд, ки баъдан ба дасти нерӯҳои украинӣ мерасанд, гуфт роҳбари "Роскосмос"
2022-06-28T16:55+0500
2022-06-28T16:55+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
амният ва мудофиа
моҳвора
тасвирӣ
аксбардорӣ
нато
дмитрий рогозин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102733/14/1027331456_0:0:3189:1793_1920x0_80_0_0_e146bcf76f10025a7b09959b4e946f8d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО маълумоти моҳвораии гирифтааш аз ширкатҳои хусусиро ба низомиёни Украина медиҳад, изҳор дошт Дмитрий Рогозин, мудири кулли "Роскосмос". Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфт, фароҳамкунандаҳои хусусии хадамоти моҳвораӣ додаҳоро барои НАТО таҳия мекунанд, ки баъдан ба нерӯҳои украинӣ мерасанд. "Ин иттилоъро аз манобеи гуногун дастрас мекунем, ки барои ифшои онҳо уҳдадор нестем. Аммо қотеона метавонам гӯям, ки ширкатҳои пешсафи моҳвораӣ, аз ҷумла ҳамон худи "Maxar" ба таҳияи додаҳо машғуланд", - гуфт Рогозин. Вай таъкид намуд, ки НАТО баъдан маълумоти мушаххасро ба ҷониби Украина ироа мекунад. Мудири кулли "Роскосмос" изҳор дошт, ки дар ин кор андаке ҳам шубҳа нест. Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарнигорон муайян намуданд, ки моҳвораҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд рӯз пеш аз қасди Украина барои ғасби ҷазираи Змеиний ин қаламравро дар Баҳри сиёҳ аксбардорӣ карда буданд. Бо вуҷуд талошҳо барои ғасби ҷазира натиҷа надоданд. Инчунин моҳвораҳои мазкур корхонаи коркарди нафти Новошахтинскро 3 рӯз қабл аз зарба ба он аксбардорӣ намуда буданд. Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
https://sputnik.tj/20220628/medvedev-jang-rusiya-nato-1049558388.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102733/14/1027331456_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_85dd940cc9d37c2e92cffa8bdd78a9d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, украина, моҳвора, хусусӣ
акс, украина, моҳвора, хусусӣ
Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад
16:55 28.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ширкатҳои хусусии фароҳамкунандаи хадамоти моҳвораӣ ба ҷамъоварии маълумоте машғуланд, ки баъдан ба дасти нерӯҳои украинӣ мерасанд, гуфт роҳбари "Роскосмос"
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО маълумоти моҳвораии гирифтааш аз ширкатҳои хусусиро ба низомиёни Украина медиҳад, изҳор дошт Дмитрий Рогозин, мудири кулли "Роскосмос".
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфт, фароҳамкунандаҳои хусусии хадамоти моҳвораӣ додаҳоро барои НАТО таҳия мекунанд, ки баъдан ба нерӯҳои украинӣ мерасанд.
"Ин иттилоъро аз манобеи гуногун дастрас мекунем, ки барои ифшои онҳо уҳдадор нестем. Аммо қотеона метавонам гӯям, ки ширкатҳои пешсафи моҳвораӣ, аз ҷумла ҳамон худи "Maxar" ба таҳияи додаҳо машғуланд", - гуфт Рогозин.
Вай таъкид намуд, ки НАТО баъдан маълумоти мушаххасро ба ҷониби Украина ироа мекунад. Мудири кулли "Роскосмос" изҳор дошт, ки дар ин кор андаке ҳам шубҳа нест.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарнигорон муайян намуданд, ки моҳвораҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд рӯз пеш аз қасди Украина барои ғасби ҷазираи Змеиний ин қаламравро дар Баҳри сиёҳ аксбардорӣ карда буданд. Бо вуҷуд талошҳо барои ғасби ҷазира натиҷа надоданд.
Инчунин моҳвораҳои мазкур корхонаи коркарди нафти Новошахтинскро 3 рӯз қабл аз зарба ба он аксбардорӣ намуда буданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.