https://sputnik.tj/20220628/chin-nato-saddi-roh-rusiya-1049569251.html
Дар Чин гуфтанд, ки НАТО наметавонад садди роҳи Русия шавад
Дар Чин гуфтанд, ки НАТО наметавонад садди роҳи Русия шавад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи чинии Global Times менависад, НАТО наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад
2022-06-28T15:35+0500
2022-06-28T15:35+0500
2022-06-28T18:07+0500
дар ҷаҳон
нато
чин
дар русия
украина
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/72/1013827257_0:0:2400:1350_1920x0_80_0_0_7da9b36b7656bb6e504186b68af7c496.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо вуҷуди ҳамаи сармоягузориҳо дар даргириҳо дар Украина, Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад, менависад Global Times.Ба боварии муаллифи матлаб, ба зудӣ Амрико ва муттаҳидонаш ба зарурати эътирофи нигарониҳои қонунии амниятии Русия дар Аврупои Шарқӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.Манбаъ ҳамчунин таъкид кардааст, ки интиқоли аслиҳа ба Киев ва таҳримҳо алайҳи Русия танҳо ба паёмадҳои манфии иқтисодӣ барои худи онҳо оварда мерасонад."Амрикоиҳо ва аврупоиҳо хуб медонанд, ки Русия ба касе таҳдид намекунад. Ва мо метавонем интизор шавем, ки дар тирамоҳ сокинони кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарони худ саволҳо медиҳанд - чаро онҳо бояд ба мушкилоти иқтисодӣ тоб оранд?", - қайд намудааст нашрияи мазкур. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрия, иддае аз кишварҳои узви НАТО иқрор шудаанд, ки аллакай тамоми захираҳои таҷҳизоти низомии худро барои Киев тамом кардаанд ва интиқоли силоҳҳои нав талош ва вақти зиёди истеҳсолиро тақозо мекунад. Ба ҳамин тариқ, муаллифи матлаб бовар дорад, ки Амрико нуфузи худро аз даст дода истодааст ва маҷбур мешавад, ки дидгоҳи худро дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ бо дигар аъзоёни ҷомеаи байналхалқӣ ҳамоҳанг созанд.Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст. Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20220628/medvedev-jang-rusiya-nato-1049558388.html
нато
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/72/1013827257_249:0:2141:1419_1920x0_80_0_0_e45cd226b96c42896fc5b6cf91b917a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато русия чин
Дар Чин гуфтанд, ки НАТО наметавонад садди роҳи Русия шавад
15:35 28.06.2022 (Навсозишуда: 18:07 28.06.2022) Нашрияи чинии "Global Times" менависад, НАТО бо вуҷуди ҳама қудраташ наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо вуҷуди ҳамаи сармоягузориҳо дар даргириҳо дар Украина, Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад, менависад Global Times.
Ба боварии муаллифи матлаб, ба зудӣ Амрико ва муттаҳидонаш ба зарурати эътирофи нигарониҳои қонунии амниятии Русия дар Аврупои Шарқӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
"Дар паси гапҳои таҷовузкоронаи НАТО зиддиятҳо ва ихтилофҳо дар дохили блок пинҳон мешаванд. НАТО бо роҳбарии Амрико кайҳо боз тамоми имкониятҳои худро ба кор бурдааст", - менависад нашрия
Манбаъ ҳамчунин таъкид кардааст, ки интиқоли аслиҳа ба Киев ва таҳримҳо алайҳи Русия танҳо ба паёмадҳои манфии иқтисодӣ барои худи онҳо оварда мерасонад.
"Амрикоиҳо ва аврупоиҳо хуб медонанд, ки Русия ба касе таҳдид намекунад. Ва мо метавонем интизор шавем, ки дар тирамоҳ сокинони кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарони худ саволҳо медиҳанд - чаро онҳо бояд ба мушкилоти иқтисодӣ тоб оранд?", - қайд намудааст нашрияи мазкур.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрия, иддае аз кишварҳои узви НАТО иқрор шудаанд, ки аллакай тамоми захираҳои таҷҳизоти низомии худро барои Киев тамом кардаанд ва интиқоли силоҳҳои нав талош ва вақти зиёди истеҳсолиро тақозо мекунад.
Ба ҳамин тариқ, муаллифи матлаб бовар дорад, ки Амрико нуфузи худро аз даст дода истодааст ва маҷбур мешавад, ки дидгоҳи худро дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ бо дигар аъзоёни ҷомеаи байналхалқӣ ҳамоҳанг созанд.
Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст.
Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.