https://sputnik.tj/20220627/rusiya-konsepsiya-nato-khatar-1049544070.html
Дар Русия барномаи нави стратегии НАТО-ро хатарнок хонданд
Дар Русия барномаи нави стратегии НАТО-ро хатарнок хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Ин консепсияи НАТО ҳимояи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-ро ҳамчун рисолати асосии Паймон пешбарӣ кардааст. Коршиносон мегӯяд, ин таҳдиди воқеист
2022-06-27T18:25+0500
2022-06-27T18:25+0500
2022-06-27T19:31+0500
дар ҷаҳон
дар русия
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d52807b87f5ff9538036fb6cf03d6ce4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Барномаи нави стратегии НАТО, ки давлатҳои аъзои иттифоқ дар Мадрид бояд тасдиқ мекунанд, хеле хавфнок буда, хавфи ба ҷанги нав кашидани ин мамлакатҳоро дорад. Дар ин бора сенатор Олга Ковитиди дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ваъдаҳои кишварҳои узви НАТО, ки дар стратегияи навшудаи паймон дар бораи ҷойгир кардани нерӯҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар ҳудудҳои муайяни қаноти шарқии ин паймон, дар сурати ҳамла ба сулҳ ва амният таҳдиди воқеъӣ доранд.Ба навиштаи рӯзномаи испании El Pais, ин дидгоҳи паймон бори нахуст ҳимояи “истиқлолият ва тамомияти арзии” кишварҳои муттаҳидро ҳамчун рисолати асосии созмон дар бар мегирад. Аммо ин уҳдадорӣ ҳоло ба фазои ба ном Евро-атлантикӣ маҳдуд карда шудааст, ба истиснои шаҳрҳои автономии Сеута ва Мелиля. Дар ҳамин ҳол, Эмма Эшфорд, як корманди аршади Маркази стротежӣ ва амниятии Скоукрофт, дар як матлаб барои Bloomberg гуфтааст, вуруди Финландия ба НАТО паймонро бо даҳшати стратегӣ таҳдид мекунад.Патрушев: НАТО василаи сиёсии як кишвар астБа фикри Эшфорд, дохил шудани Финляндия ва Шветсия ба иттифоқи Атлантикаи Шимолй онро "ба як маҷмӯи душвори давлатҳои аъзо" табдил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220621/volodin-elita-ukraina-pushtiboni-nato-parokanda-1049389186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d089f1bd3f1327706522e5e4c935d45d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
стратегия, нав, нато, русия, хатар
стратегия, нав, нато, русия, хатар
Дар Русия барномаи нави стратегии НАТО-ро хатарнок хонданд
18:25 27.06.2022 (Навсозишуда: 19:31 27.06.2022) Ин консепсияи НАТО ҳимояи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-ро ҳамчун рисолати асосии паймон пешбарӣ кардааст. Коршиносон мегӯяд, ин таҳдиди воқеист
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Барномаи нави стратегии НАТО, ки давлатҳои аъзои иттифоқ дар Мадрид бояд тасдиқ мекунанд, хеле хавфнок буда, хавфи ба ҷанги нав кашидани ин мамлакатҳоро дорад.
Дар ин бора сенатор Олга Ковитиди дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
"Таҷдиди дарпешистодаи консепсияи НАТО дар нишасти Мадрид, ки воқеан стратегияи ҳамлаи НАТО-ро қонунӣ мекунад, ниҳоят хатарнок аст", - гуфт вакили парлумон.
Ба гуфтаи вай, ваъдаҳои кишварҳои узви НАТО, ки дар стратегияи навшудаи паймон дар бораи ҷойгир кардани нерӯҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар ҳудудҳои муайяни қаноти шарқии ин паймон, дар сурати ҳамла ба сулҳ ва амният таҳдиди воқеъӣ доранд.
Ба навиштаи рӯзномаи испании El Pais, ин дидгоҳи паймон бори нахуст ҳимояи “истиқлолият ва тамомияти арзии” кишварҳои муттаҳидро ҳамчун рисолати асосии созмон дар бар мегирад.
Аммо ин уҳдадорӣ ҳоло ба фазои ба ном Евро-атлантикӣ маҳдуд карда шудааст, ба истиснои шаҳрҳои автономии Сеута ва Мелиля.
Дар ҳамин ҳол, Эмма Эшфорд, як корманди аршади Маркази стротежӣ ва амниятии Скоукрофт, дар як матлаб барои Bloomberg гуфтааст, вуруди Финландия ба НАТО паймонро бо даҳшати стратегӣ таҳдид мекунад.
Ба фикри Эшфорд, дохил шудани Финляндия ва Шветсия ба иттифоқи Атлантикаи Шимолй онро "ба як маҷмӯи душвори давлатҳои аъзо" табдил медиҳад.