https://sputnik.tj/20220628/erdughon-talabot-dovtalaboni-uzviyat-nato-1049575682.html
Роҳи дигар надоранд: Эрдуғон талабот аз довталабони узвият дар НАТО-ро шарҳ дод
Роҳи дигар надоранд: Эрдуғон талабот аз довталабони узвият дар НАТО-ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия дар шарҳи узвияти эҳтимолии Шветсия ва Финландия дар НАТО изҳор дошт, ки Анқара аз довталабон на гапи холӣ, балки иқдоми мушаххас интизор аст
2022-06-28T17:35+0500
2022-06-28T17:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
раҷаб тайиб эрдуғон
шветсия
финландия
нато
туркия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон шарти вуруди Финландия ва Шветсияро ба Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО баён дошт. Ӯ қабл аз парвоз ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви НАТО дар Мадрид изҳор дошт, ки довталабони узвиятро зарур меояд, нигарониҳои Туркияро дар бахши амниятӣ ба назар гиранд. Интихоби дигаре вуҷуд дошта наметавонад, афзуд Эрдуғон. "Туркия давоми 70 сол узви НАТО мебошад. Мо кишвари тасодуфӣ дар эътилоф нестам. Ҳар кишвари узви созмон бояд ба ин такя кунад, ки хатар ба яке аз кишварҳо таҳдиди умумист. Барои ин Финландия ва Туркияро зарур меояд, ки нигарониҳои амниятии Туркияро ба назар гиранд", - изҳор дошт ӯ. Президенти Туркия илова намуд, ки дар натиҷаи мулоқоти чорҷониба - Туркия, Шветсия, Финландия ва НАТО дар Мадрид мавқеи кишварҳои скандинавӣ мушаххас хоҳад шуд. "Мо гапҳои холиро не, балки натиҷаҳои мушаххасро интизорем", - гуфт президенти Туркия.Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба НАТО-ро ба дабири кулли ин созмон супурданд.Эрдуғон гуфта буд, ки Анқара наметавонад ба узвияти Ҳелсинки ва Стокҳолм дар ин созмон "ҳа" бигӯяд, зеро ба итминони додаашон дар бораи равобит бо намояндагони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнуъ аст, бовар намекунад. Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.Ӯ изҳор дошта буд, ки Русия ҳич хатаре барои Финландия ва Шветсия надошту надорад. Вай илова намуд, ки дар зимн ин давлатҳо низ ҳич хатаре барои Русия эҷод накарда буданд.
https://sputnik.tj/20220628/chin-nato-saddi-roh-rusiya-1049569251.html
шветсия
финландия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон, талабот, довталаб, узвият, нато
эрдуғон, талабот, довталаб, узвият, нато
Роҳи дигар надоранд: Эрдуғон талабот аз довталабони узвият дар НАТО-ро шарҳ дод
17:35 28.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Туркия дар шарҳи узвияти эҳтимолии Шветсия ва Финландия дар НАТО изҳор дошт, ки Анкара аз довталабон на гапи холӣ, балки иқдоми мушаххас интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон шарти вуруди Финландия ва Шветсияро ба Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО баён дошт.
Ӯ қабл аз парвоз ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви НАТО дар Мадрид изҳор дошт, ки довталабони узвиятро зарур меояд, нигарониҳои Туркияро дар бахши амниятӣ ба назар гиранд. Интихоби дигаре вуҷуд дошта наметавонад, афзуд Эрдуғон.
"Туркия давоми 70 сол узви НАТО мебошад. Мо кишвари тасодуфӣ дар эътилоф нестам. Ҳар кишвари узви созмон бояд ба ин такя кунад, ки хатар ба яке аз кишварҳо таҳдиди умумист. Барои ин Финландия ва Туркияро зарур меояд, ки нигарониҳои амниятии Туркияро ба назар гиранд", - изҳор дошт ӯ.
Президенти Туркия илова намуд, ки дар натиҷаи мулоқоти чорҷониба - Туркия, Шветсия, Финландия ва НАТО дар Мадрид мавқеи кишварҳои скандинавӣ мушаххас хоҳад шуд.
"Мо гапҳои холиро не, балки натиҷаҳои мушаххасро интизорем", - гуфт президенти Туркия.
Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба НАТО-ро ба дабири кулли ин созмон супурданд.
Эрдуғон гуфта буд, ки Анқара наметавонад ба узвияти Ҳелсинки ва Стокҳолм дар ин созмон "ҳа" бигӯяд, зеро ба итминони додаашон дар бораи равобит бо намояндагони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнуъ аст, бовар намекунад.
Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.
Ӯ изҳор дошта буд, ки Русия ҳич хатаре барои Финландия ва Шветсия надошту надорад. Вай илова намуд, ки дар зимн ин давлатҳо низ ҳич хатаре барои Русия эҷод накарда буданд.