Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳаи байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд

© POOL / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Русия зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳур ҷузъиёти музокироти руасои ҷумуҳри Русия ва Тоҷикистонро расонаӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Дар мулоқот суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шуд.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия гуфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зикр карданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки Русия дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, чунончӣ, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.
Ҳамчунин ҷонибҳо барои идомаи кори муштарак ба хотири боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд.
“Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, - таъкид кард манбаъ.
Қайд карда гшудааст, ки сарони ду давлат ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Президент РФ В. Путин принял участие во встреча лидеров государств - членов ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин назари Раҳмонро дар мавриди Афғонистон пурсид
Манбаъ ёдовар шудааст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр ба истифода дода мешаванд.
Сарони Тоҷикистон ва Русия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд.
Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин, бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.
Лентаи хабарҳо
0