https://sputnik.tj/20220627/suhbati-kreml-putin-dushanbe-1049537413.html
Суҳбати як ба як: Кремл бархе тафсилоти сафари Путин ба Душанберо гуфт
Суҳбати як ба як: Кремл бархе тафсилоти сафари Путин ба Душанберо гуфт
Кремл бархе аз тафсилоти сафари кории раисҷумҳури Русия ба шаҳри Душанберо нашр карда, афзуд, ки дар он мулоқоти як ба як бо роҳбари Тоҷикистон дар назар аст
2022-06-27T15:01+0500
2022-06-27T15:01+0500
2022-06-27T15:18+0500
дар русия
сиёсат
боздид
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
кремл
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044454398_0:182:1991:1302_1920x0_80_0_0_fbeec03b009d1839cd7da4d108f39508.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 28 июн аз шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард, хабар дод Кремл. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дар зимни ин сафар Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин музокироти як ба яки Путин ва Раҳмон дар назар аст, афзуд ӯ. Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад. Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад. Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд. Аз ҷумла Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай дар як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфт, дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ афзудааст.
https://sputnik.tj/20220626/putin-amniyat-spad-1049511925.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044454398_7:0:1774:1325_1920x0_80_0_0_9a9343b5ae56f858ecde11d4f3455662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
кремл, тафсилот, сафар, путин, душанбе
кремл, тафсилот, сафар, путин, душанбе
Суҳбати як ба як: Кремл бархе тафсилоти сафари Путин ба Душанберо гуфт
15:01 27.06.2022 (Навсозишуда: 15:18 27.06.2022) Кремл бархе аз тафсилоти сафари кории раисҷумҳури Русия ба шаҳри Душанберо нашр карда афзуд, ки дар он мулоқоти як ба як бо роҳбари Тоҷикистон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 28 июн аз шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард, хабар дод Кремл.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дар зимни ин сафар Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин музокироти як ба яки Путин ва Раҳмон дар назар аст, афзуд ӯ.
"Сафари кории Путин ба Тоҷикистон дар назар аст, он ҷо мулоқоту музокирот баргузор мешавад. Бо Раҳмон суҳбати як ба як сурат мегирад", - изҳор дошт Песков.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад. Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
Аз ҷумла Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай дар як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфт, дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ афзудааст.