Ҷойгузини "McDonald's" 3 ҳазор коргари нав мегирад. Мудир маошро гуфт

© Lukas / pexelsМужчина в пиджаке, архивное фото
Мужчина в пиджаке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Тарабхонаҳои "Вкусно-и точка", ки ҷойгузини "McDonald's" дар Русия шудаанд, то охири сол беш аз 3 ҳазор коргари навро ҷалб хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Баробари ҷалби беш аз 3 ҳазор коргари нав дар тарабхонаҳои "Вкусно-и точка" маоши қаблӣ ҳифз хоҳад шуд ва дар бархе ҳолатҳо аз пешина ҳам бештар мегардад.
Ин нуктаро Олег Пароев, мудири кулли ширкат зимни имзои созишнома барои ифтитоҳи маркази ҷалби коргарони "Вкусно-и точка" баён дошт.
"То охири сол ба шабакаи тарабхонаҳо ҷалби ҳадди ақал 3 ҳазор коргар дар назар аст", - изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки ин кор асосан дар Маскав сурат мегирад.
Вай зикр намуд, ки ширкат аллакай 850 нуқта дар саросари Русияро соҳиб аст ва ният дорад дар 5-6 соли наздик иловатан 150 тарабхонаи ҷадидро ифтитоҳ намояд. Таъкид шуд, ки аксари ин нуқтаҳо дар Маскав фаъол хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Пароев, низоми ҷалби коргарон тағйир намеёбад ва изҳор дошт, ки ҳайати роҳбарии собиқ "McDonald's" ҳифз карда шудаст.
Маошамон дар робита ба дигаргуниҳои охир коҳиш наёфтанд. Баръас афзоиш ёфт. Аз моҳи март маошро боло бурдем. Ҳаққи кор барои як соат 215 рублро ташкил медиҳад", - изҳор дошт мудири кулл.
Вино и виноград на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Оё сирри омода кардани шароби "тоҷикӣ"-ро медонед?
Вай илова намуд, ки агар коргар ба ҳисоби миёна рӯзона ҳудуди 8 соат кор кунад, моҳе атрофи 56 ҳазор рубл музди меҳнат хоҳад гирифт.
Қаблан таъкид шуда буд, ки баъди иваз кардани тамға номгӯи ғизоҳо ба таври консептуалӣ тағйир намеёбанд ва хеле наздик ба хӯроки қаблӣ хоҳанд буд.
Қаблан "McDonald's", ки беш аз 30 сол дар Русия фаъолият дошт, аз басташавии муваққатии 850 тарабхона хабар дод. Баъдан дар бораи тарки кишвар кардани ин ширкат дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дода шуд.
Феълан маълум аст, "McDonald’s" тиҷораташро ба Александр Говор фурӯхтааст, ки ӯ фаъолияти тарабхонаҳоро таҳти тамғаи нав ба роҳ андохтаст.
Лентаи хабарҳо
0