Оё сирри омода кардани шароби "тоҷикӣ"-ро медонед?

© PixabayВино и виноград на столе
Вино и виноград на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон минтақае нест, ки навъҳои гуногуну лазизи ангур напазад. Сокинон барои захираи он ғайр аз мураббову мавиз, нӯшокиҳои "мамнуъ" низ омода мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2021 мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ бештар аз 238 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд. Бо як калима ҳосили ангур дар кишвар фаровон аст.
Ғайр аз парвариши ангур дар токзорҳои махсус, ҳавлиҳои сокинонро токзорҳои ангур “оро” медиҳад, ки ҳам барои серунӣ дар тобистони гарм, ҳам гирифтани мева хидмат мекунад.
Ангури тоҷикӣ дар хориҷ низ бо лаззати хос ва таровату рангаш машҳур аст. Чунончи содироти ангур дар соли 2021 аз ҷумҳурӣ 51,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҳарчанд истифодаи шароб ё виноро на ҳар як сокини кишвар ба худ иҷоза медиҳад, омодакунандагони он байни сокинон кам нестанд.
Sputnik Тоҷикистон сирри омода кардани ин нӯшокии “мамнӯъ”-и тоҷикиро ифшо кард.
Ангур бояд нағз пухта бошад
Шаҳноз Раҳматова, ки омода намудани вино барояш машғулияти дӯстдошта аст, мегӯяд, шаробпазиро аз падараш “мерос” гирифтааст. Нахуст ба падар дар омода кардани он ёрӣ мерасонд ва ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе барои худ ва шавҳараш ин машғулиятро “ҳоббӣ” интихоб мекунад.
“Тақрибан чор сол пеш ҳосили ангур хело зиёд шуд. Нахуст ба ҳамсояву хешон тақсим кардам. Вақте ба падарам шикоят кардам, ки боқимондаро намедонам чӣ кор кунам, маслиҳат доданд, ки вино омода кунам”,- нақл мекунад вай.
Ҳамин тавр, акнун ин бону нӯшокӣ омода мекунад.
Асрори асосии винои хуштаъмро Раҳматова дар меваи хуб пухта расида медонад ва таъкид мекунад, ки “пеш аз ҳама бояд ангур нағз пухта бошад”.
Шаҳноз ҳамроҳи шавҳараш нахуст ангурро дона карда мешӯянд ва сипас ба коркарди он шурӯъ мекунанд.
Онҳо асосан аз зарфҳои шишагини 10-литра истифода мекунанд. Ба қавли худашон, таносуби маҳсулотро тахминан андохта, бо мизони чашм бар мекашанд.
“Хамира қариб ду ҳафта меҷӯшад, газ мебарорад. Сипас обполо мекунем. Чӣ қадар бисёртару хубтар поло кунем, ҳамон қадар шароб соф мебарояд”,- мегӯяд бону.
Шаҳноз бар он аст, ки ба шароб метавон шакар ҳамроҳ кард, аммо ба вай винои хушк, яъне бидуни шакар ва каме турушак маъқул аст, ҳарчанд ҳоло технологияи омода кардани онро пурра азхуд накардааст.
Ба қавли шаробпаз, винои сурхро ӯ танҳо аз ангури сурх ва сиёҳ тайёр мекунад ва маззааш бойтар аст. Ҳамчунин дар ин намуди вино моддаҳои муфид зиёданд.
“Мо спирт ҳамроҳ намекунем, зеро ба қавли шавҳарам, он маззаро вайрон менамояд. Дар ин ҳолат май 11-12 дараҷа мешавад”, - қайд мекунад Раҳматова.
Тоҷикистон мехоҳад ба Созмони байналмилалии токпарварӣ шомил шавад
Дар таҳхонаи Шаҳноз даҳҳо литр шароб меистад. Вай мегӯяд, “ҳамаи онро наметавон нӯшид”. Ба қавли бону, агар аз ин нӯшокии “мамнӯъ” дуруст истифода кунанд, касеро майзада нахоҳад кард, балки танҳо метавон аз он лаззат бурд. Ғайр аз ин шаробро метавон дар ошхона барои мулоиму лазиз пухтани гӯшт истифода кард.
“Умуман, он бештар як ҳадяи хуб аст. Шавҳарам бо дӯстонаш мехӯрад, ба бародаронаш медиҳад. Дар Абхозистон ба ҳар нафаре ки аз дарашон медарояд, вино мерезанд, нишонаи эҳтиромашон аст. Ин маънои онро надорад, ки онҳо майзадаанд. Афзун бар ин байнашон дарозумрҳо зиёданд”,- меафзояд зан.
Дар офтоб бояд гузошт
Мавлуда Рафиева, бонуи 50-сола сирри омодаи шаробро дар нури офтоб медонад. Зан баъди дона карда шустани ангур онро ба бочкаҳо ҷо карда, дар офтоб мегузорад. Дохили зарф бояд зич бо ангур пур шуда бошад ва даҳонаш низ сахт пӯшида бошад.
“Хамираро то нағзакак турш шудани ангур дар зери офтоб мегузорем. Расидани онро ҳангоми кушодани даҳони зарф аз буйи турушиаш мефаҳмед. Сипас ангури дохили бочкаро нағзакак ҷафида, обашро аз думча ҷудо мекунем”, - мегӯяд хонум Мавлуда.
Ӯ якбори дигар ангурро ба халта андохта, боз обашро мегирад. Сипас нӯшобаро боз ба зарфҳо андохта, се рӯзи дигар зери офтоб мегузорад, то тагшин шавад.
“Агар хоҳиш дошта бошед, дар даҳ литр хамира як пиёла ё 200 грамм спирт, шакар ва маҳлули ковоккунанда меандозед. Агар винои ширин хоҳед, шакар ҳатмист”, - таъкид мекунад вай.
Мавлуда ба шароби сурх анор ҳамроҳ мекунад. Винои сафедро чанд маротиба такшин мекунад. Сипас ба колбаҳои 20-30-литра андохта дар таҳхона нигоҳ медорад.
Вино тағйири ҳароратро дӯст намедорад
Диловар Маҳмудов, марди 39-сола низ асрори майи лазизро дар ҳарорат медонад. Вай таъкид мекунад, ки “вино тағйири ҳароратро дӯст намедорад, барои ҳамин ман тамоми раванди шаробпазиро дар таҳхона мегузаронам”.
Диловар ангурро намешӯяд, вай мегӯяд, дар донаҳои ангури ношушта хамиртурши табиӣ ҳаст, ки минбаъд ҳангоми туршшавии ангур нақш мебозад. Афзун бар ин, ба қавли ӯ ангурро аз ток дар рӯзи офтобӣ бояд канд.
“Агар борон шуда бошад, ба кандани ангур саросема нашавед. Чанд рӯзи дигар дар ҳавои офтобӣ гузоред”, - маслиҳат медиҳад ӯ. Маҳмудов, нахуст оби ангурро месиқонад. Вай мегӯяд, барои ин метавон роҳҳои гуногунро истифода бурд. Аз ҷумла метавон аз гӯштқимакунак, шарбатфишурак, ҳатто агар зиёд бошад метавон аз таҷҳозоти сангмайдакунак истифода бурд.
“Шарбати ҳосилшударо ба зарфи мувофиқ – шишагин, сирдор, пӯлодӣ ё пластик андохта 4 рӯз мегузорем, то турш шавад”, - таъкид мекунад вай.
Ӯ ҳар рӯз хамираи дохили зарфро омехта мекунад. Сипас оби ангурро аз пӯсташ ҷудо менамояд. “Он пӯстро боз метавон истифода бурд”.
Бокал вина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Метавонем: коршинос дар бораи рушди шаробсозӣ дар Тоҷикистон
Диловар мегӯяд он тарафи коркарди нӯшоба аз хоҳиши ҳар шахс ва ангуре ки истифода шуд, вобаста аст: аз шакар то туршии мева.
Маҳмудов бошад, дар 11 литри шарбати ҳосилшуда 2 литр об ва 2 кило шакар омехта мекунад.
“Об бояд бе ягон моддаи иловагӣ, ҳатто ноҷӯшида бошад”, - таъкид мекунад вай.
Мард маслиҳат медиҳад, ки обро дарҳол омехта кунед, аммо шакарро ба ду қисмат тақсим намоед – як килоашро андохта, килои дигарашро ба як сӯ гузоред.
Сипас колбади шишагиро гирифта хамираро мерезем, аммо пур намекунем, зеро он туршкуниро давом дода, метавонад кафад.
Ҳамин тавр шишаҳоро бо болопӯши мӯҳраи обдошта пӯшонида, ба ҷое мегузорем, ки ҳарораташ 22-28 дараҷа бошад. Маҳз дар ҳамин дараҷа шароити хуб барои турш шудани хамиртурушҳо, ки дар натиҷа шакарро ба спирт табдил медиҳанд, фароҳам меояд. Раванди туршшавӣ ҳудуди 3 ҳафтаро ташкил медиҳад. То ин муддат, баъди 10 рӯз боқимондаи шакарро илова мекунем.
“Баъди се ҳафта нӯшокиро аз таҳшинаш ҷудо карда, ба ҷои нисбатан салқин, аз 10 то 16 дараҷа ҷой медиҳем, баъди 2-3 моҳ боз такшин мешавад, боз ҷудо мекунем, мӯҳлати навбатии такшиншавӣ ду ҳафтаро ташкил медиҳад, баъди як моҳи дигар боз такшинашро ҷудо мекунем, ҳамин тавр то соли нав шароби лазизе омода мешавад”, - мегӯяд вай.
Акнун метавон аз майи омодасохта нӯши ҷон намуд, мегӯяд Диловар Маҳмудов ва меафзояд, ки барои омода шудани винои хушлаззат ақалан ним сол лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0