Ҳавосанҷон аз чор рӯзи гармои тоқатфарсо дар Тоҷикистон хабар доданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Қаблан намояндаи Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар дода буд, ки охирҳои моҳи июн дар Тоҷикистон ҳаво ниҳоят гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Тоҷикистонро гармои тоқатфарсо фаро мегирад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.
Бар хабари манбаъ, давоми чор рӯзи оянда дамои ҳаво рӯзона дар ҷумҳурӣ баланд мешавад.
"Аз 27 то 30 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, дар вилояти Хатлон гармӣ то 45 дараҷа мерасад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, асосан дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво гарм шуда, рӯзона то 40-45 дараҷа тафсон мешавад. Ҳамчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳаво гарм шуда, то 38 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Қаблан намояндагони Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор доданд, ки дамои ҳаво охирҳои моҳи равон тафсон мешавад.
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Зикр гардид, ки аввалҳои тобистон ҳаво мӯътадил буда, охирҳои моҳи июн баландшавии он дар назар аст.
дар ҳамин ҳол, табибон тавсия медиҳанд, ки дар ҳавои гарм богяд бештар об нӯшид. Инчунин тавсия дода мешавад. ки аснои ба берун баромадан, ҳатман бояд об, кулоҳ ва чатрро ҳамроҳи худ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0