“Advance”: Ғарб мубориза бо Русияро бохт

© AP / Jacquelyn MartinФлаги США и Евросоюза
Флаги США и Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Маҷалаи “Advance” навиштааст, ки Амрико ва Аврупо дар вайрон кардани иқтисоди Русия ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва муборизаро бохтаанд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нашрияи “Advance”-и хорватӣ менависад, ки нақшаи кишварҳои Ғарб, ки мехостанд иқтисоди Русияро тавассути таҳримҳо хароб кунанд, ноком шуд ва зарбаи таҳримҳо ба худи Аврупо зарба зад.
“Қариб ҳама аллакай дарк кардаанд, ки маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб алайҳи Русия натавонистаанд иқтисоди Русияро суқут диҳанд”, - менависад нашрия.
Кайд карда мешавад, ки бештар аз ҳама аз таҳримҳои ҷорикарда худи Аврупо зарар ҷиддӣ дидааст, ки сиёсати худро зери сиёсати Вашингтон қурбонӣ кард ва “зери кулоҳи ин кишвар афтодааст”.
"Аврупоиҳо оҷилан ба ҳисоби талафот оғоз кардаанд. Онҳо ба ҷои талоши ҳарчӣ зудтар хотима додани муноқиша дар Украина, бар зарари худ сиёсати ИМА-ро давом дода, муноқишаро идома медиҳанд", - таъкид кардааст муаллифи мақола.
Президент Молдавии Игорь Додон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Додон: Иттиҳоди Аврупо эҳтимол ба зудӣ аз байн равад
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи ӯ, болоравии қимати нерӯи барқ ​​ба Маскав имкон дод, ки аз солҳои пешин даромади бештар гирад.
"Андеша кардан душвор набуд, ки Русия ба самти Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон рӯ меорад", - хулоса кардааст нашриёт.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримотиро алайҳи Маскав афзоиш дод. Баъзе кишварҳо дар бораи мунҷамид карани дороиҳои Русия эълон карданд. Аксари намояндагии ширкатҳои бонуфузи ғарбӣ Русияро тарк карданд.
Иттиҳодияи Аврупо аллакай ҷори кардани шаш бастаи таҳримҳоро эълон намудааст. Кишварҳои Ғарб ба воридоти ангишт ва нафт маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд. Ҳамзамон, дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ин иқдомҳо боиси ҷаҳиши рекордии нархҳо, бахусус сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0