https://sputnik.tj/20220626/vmkb-dubora-bo-internet-tamin-shud-1049512429.html
ВМКБ дубора бо интернет таъмин шуд
ВМКБ дубора бо интернет таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот чанд рӯз қабл ваъда доданд, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дубора барқарор мекунанд
2022-06-26T10:20+0500
2022-06-26T10:20+0500
2022-06-26T10:25+0500
дар тоҷикистон
вмкб
интернет
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/56/1013425630_0:151:1600:1051_1920x0_80_0_0_b05b39d220d815137e8c4eac861b47b7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет фаъол шуд. Ин вилоят беш аз як моҳ аз истифодаи он маҳрум буд.Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳо дар мобайнҳои моҳи майи соли равон қатъ гардида буд. Вале мақомот ба таври расмӣ иллати қатъ шудани дастрасӣ ба интернетро шарҳ надоданд.Певистамо ном сокини ноҳияи Шуғнон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бегоҳи рӯзи 25 июн интернет дар ВМКБ барқарор шуд. Ӯ мегӯяд, сокинони вилоят аз фаъол шудани интернет ниҳоят хурсанд ҳастанд, зеро беш аз як моҳ бо пайвандону наздикони худ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, имкони дар тамос шуданро надоштанд.Қатъи интернет дар ВМКБ бори нахуст набуда, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта низ ба муддати тӯлонӣ сокинони ин вилоят аз истифодаи он маҳрум монданд. Он замон интернет пас аз таҷаммӯи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ қатъ шуд. Сокинони вилоят танҳо бо гузашти чор моҳ, аниқтараш дар арафаи ҷашни Наврӯз дубора ба интернет дастрасӣ пайдо карданд.Ёдовар мешавем, ки моҳи май мақомоти тоҷикистон дар ВМКБ як амалиёти вижа пиёда намуданд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ ва теъдоди зиёди одамон боздошт гардиданд.Пас аз ин ҳодиса, ва эълони қатъи амалиёт дар вилоят, ҳафтаи сипаришуда Алишер Мирзонабот, ки то ин замон иҷрокунандаи раиси ВМКБ буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат расман ба мақоми раис таъйин карда шуд.Ӯ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.
https://sputnik.tj/20220321/vmkb-internet-dastras-shud-1046954512.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/56/1013425630_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_8a4eb0be6356aab39f5e54e82494e454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб интернет
ВМКБ дубора бо интернет таъмин шуд
10:20 26.06.2022 (Навсозишуда: 10:25 26.06.2022) Мақомот чанд рӯз қабл ваъда доданд, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дубора барқарор мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет фаъол шуд. Ин вилоят беш аз як моҳ аз истифодаи он маҳрум буд.
Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳо дар мобайнҳои моҳи майи соли равон қатъ гардида буд. Вале мақомот ба таври расмӣ иллати қатъ шудани дастрасӣ ба интернетро шарҳ надоданд.
Певистамо ном сокини ноҳияи Шуғнон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бегоҳи рӯзи 25 июн интернет дар ВМКБ барқарор шуд.
Ӯ мегӯяд, сокинони вилоят аз фаъол шудани интернет ниҳоят хурсанд ҳастанд, зеро беш аз як моҳ бо пайвандону наздикони худ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, имкони дар тамос шуданро надоштанд.
Қатъи интернет дар ВМКБ бори нахуст набуда, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта низ ба муддати тӯлонӣ сокинони ин вилоят аз истифодаи он маҳрум монданд. Он замон интернет пас аз таҷаммӯи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ қатъ шуд.
Сокинони вилоят танҳо бо гузашти чор моҳ, аниқтараш дар арафаи ҷашни Наврӯз дубора ба интернет дастрасӣ пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май мақомоти тоҷикистон дар ВМКБ як амалиёти вижа пиёда намуданд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ ва теъдоди зиёди одамон боздошт гардиданд.
Пас аз ин ҳодиса, ва эълони қатъи амалиёт дар вилоят, ҳафтаи сипаришуда Алишер Мирзонабот, ки то ин замон иҷрокунандаи раиси ВМКБ буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат расман ба мақоми раис таъйин карда шуд.
Ӯ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.