https://sputnik.tj/20220321/vmkb-internet-dastras-shud-1046954512.html
Армуғони наврӯзӣ. Дар ВМКБ интернет фаъол шуд
Армуғони наврӯзӣ. Дар ВМКБ интернет фаъол шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ ваъда дод, ки интернет рӯзи 21 март дар вилоят фаъол мешавад
2022-03-21T14:20+0500
2022-03-21T14:20+0500
2022-03-21T18:51+0500
дар тоҷикистон
вмкб
интернет
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044461466_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_5c84ed079bc2accb3c5353f559244f58.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет фаъол шуд. Ин вилоят тақрибан чор моҳ аз истифодаи интернет маҳрум буд.Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳои авохири моҳи ноябр қатъ гардида буд. Бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пайи намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон интернет дар ин вилоят барқарор нашуд.Сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро мақомдорон таъмини амният дар вилоят ва тоза нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ арзёбӣ намуданд.Аз ҷумла Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар нишасти ахири матбуотияш сабаби маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонда буд.Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.Ин дар ҳолест, сокинони ин минтақа аз он шикоят доштанд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.Дубора фаъол шудани интернет дар ВМКБ-ро чанд рӯз пеш раиси ин вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат ваъда дода, изҳор карда буд, ки рӯзи 21 март дар вилоят интернет дастрас мешавад.Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён доштЁдовар мешавем, алоқаи интернетӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву захмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.Ҳоло вазъият дар ВМКБ ором буда, мардум аз пайи кору зиндагии худ мебошанд.Гуфта мешавад, ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд, вале то ҳол аз ҷузъияти ин тафтиш иттилое дар даст нест.
https://sputnik.tj/20220131/khadamot-aloqa-internet-vmkb-1045343616.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044461466_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1646a80f1a2ef6eae4471d1a8df63198.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб интернет
Армуғони наврӯзӣ. Дар ВМКБ интернет фаъол шуд
14:20 21.03.2022 (Навсозишуда: 18:51 21.03.2022) Раиси ВМКБ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ ваъда дода буд, ки интернет рӯзи 21 март дар вилоят фаъол мешавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет фаъол шуд. Ин вилоят тақрибан чор моҳ аз истифодаи интернет маҳрум буд.
Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳои авохири моҳи ноябр қатъ гардида буд. Бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пайи намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон интернет дар ин вилоят барқарор нашуд.
Сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро мақомдорон таъмини амният дар вилоят ва тоза нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар нишасти ахири матбуотияш сабаби маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонда буд.
Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.
Ин дар ҳолест, сокинони ин минтақа аз он шикоят доштанд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.
Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.
Дубора фаъол шудани интернет дар ВМКБ-ро чанд рӯз пеш раиси ин вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат ваъда дода, изҳор карда буд, ки рӯзи 21 март дар вилоят интернет дастрас мешавад.
Ёдовар мешавем, алоқаи интернетӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву захмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.
Ҳоло вазъият дар ВМКБ ором буда, мардум аз пайи кору зиндагии худ мебошанд.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд, вале то ҳол аз ҷузъияти ин тафтиш иттилое дар даст нест.