Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони Суғд бахшида ба Рӯзи ваҳдат

© Дафтари матбуотии ҳукумати СуғдБоздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз намоишггоҳи фурӯши маҳсулот
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз намоишггоҳи фурӯши маҳсулот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Мақомоти Суғд беш аз 20 бор ярмарка ташкил карда, зиёда аз 8 ҳазор тонна маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархи арзонтар пешниҳоди сокинон намудаанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Суғд бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо баргузории ярмарка, маҳсулотро нисбатан арзон ба сокинон пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ чун ҳарвақта дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуд.
"Дар ярмарка маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гӯшт, полезиҳо, сабзавот, меваҷот ба фурӯш гузошта шуда, сокинон бо изҳори қаноатмандӣ маводи зарурии рӯзғорро харидорӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин чорабинӣ изҳор доштаст, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон дар оянда низ чунин ярмаркаҳо ташкил карда мешавад.
Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Аз оши палов то қурутобу шакароб: дар Душанбе ҷашнвораи "болаззат" баргузор шуд
Зикр шудаст, ки аз оғози​ соли 2022 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол, дар маҷмӯъ, беш аз 20 маротиба ярмарка ташкил гардида, дар онҳо беш аз​ 2800 тонна маҳсулот ба сокинону меҳмонон бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод гардидааст.
Пешниҳоди маҳсулоти нисбатан арзон дар ҳолест, ки 27 июни соли равон тоҷикистониён 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0