Аз оши палов то қурутобу шакароб: дар Душанбе ҷашнвораи "болаззат" баргузор шуд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПраздник плова в Душанбе
Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Дар Ҷашнвораи "Таомҳои миллӣ" 50 кадбону аз чор ноҳияи Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, 36 намуд таоми миллиро омода карда, пешкаши меҳмонон намуданд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар боғи "Ирам"-и шаҳри Душанбе Ҷашнвораи "Таомҳои миллӣ" баргузор гардид. Ин чорабинӣ бахшида ба 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ доир шуд.
Дар Ҷашнвора 50 кадбонуи чирадаст аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 36 намуд таомҳои миллиро омода карданд.
Бонувони тоҷик аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошубиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯи дигари хўрокҳои мардуми тоҷикро болои дастархон гузоштанд.
Таомҳои омода намудаи кадбонуҳо бо ороиши зебо сари дастурхон гузошта шуда буд, хабар медиҳад Вазортаи меҳнати ҶТ.
Ин Ҷашнвора аз ҷониби Вазорати меҳнат дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Салют в Душанбе на празднике Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Душанбе Рӯзи ваҳдатро чӣ гуна таҷлил мекунад
Дар Фестивал намояндагони Дастгоҳи президент, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сокинону меҳмони пойтахт ширкат доштанд, хабар дод сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати меҳнат, Ҳасан Азизов ба АМИТ "Ховар".
Ҳамчунин ошпазон ба меҳмонон хусусиятҳои таомҳоро баён дошта, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
Дар фарҷом иштирокдорони фаъоли Фестивал бо "Диплом"-у туҳфаҳои хотиравӣ қардони карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0