https://sputnik.tj/20220625/vakili-rusia-vazir-olmon-1049500822.html
Интиқоди тунди вакили рус аз вазири умури хориҷаи Олмон
Интиқоди тунди вакили рус аз вазири умури хориҷаи Олмон
Sputnik Тоҷикистон
Сенатори рус вазири корҳои хориҷаи Олмонро барои суханаш дар бораи "истифода"-и Русия аз гуруснагӣ маҳкум кард ва гуфт чунин баромадҳо худсафедкунӣ аст
2022-06-25T15:07+0500
2022-06-25T15:07+0500
2023-10-02T17:11+0500
олмон
дар русия
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/12/1038559351_0:143:2839:1740_1920x0_80_0_0_ed993aa82365522f1836ab2d9e32412c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сенатор Алексей Пушков изҳороти Анналена Бербок - вазири корҳои хориҷаи Олмон, ки гӯё Русия аз гуруснагӣ ҳамчун силоҳ истифода мекунад, шарҳ дод. "Баҳси мунаққидони ғарбӣ дар бораи Русия ба вазъи воқеии кор рабте надорад, зеро он на ба талаботи мантиқ ва далелҳо, балки сирф декларативӣ мебошад. Ҳадаф сафед кардани сиёсати ифротгароёна аст", - навиштааст сенатор дар шабакаи Telegram-и худ. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст, кишварҳои ғарбӣ Маскавро дар мухолифат бо интиқоли колоҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кардаанд, Русия ин гуна иттиҳомҳоро қотеъона рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, худи Киев барои содироти ғалла барои содирот монеаҳои зиёде ба вуҷуд овард: афзун бар оташсӯзии маводи ғизоӣ, ки дар бандари Мариупол ошкор шуд, қувваҳои мусаллаҳи Украина бандари баҳри Сиёҳро минагузорӣ карданд, ки ин наметавонист имконият барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ кашондани ғизо бошад.Медведев аз сиёсатмадорони Ғарб сахт интиқод кардБа гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, дар содироти ғалла аз Украина мушкиле вуҷуд надорад ва Маскав ба ин дахолат намекунад. Президент таъкид кард, ки агар Украина бандарҳоро аз минаҳо пок кунад, киштиҳои боркашонии ғалла метавонанд бидуни мушкилот ба хориҷ раванд.
https://sputnik.tj/20220623/vuchich-zamon-fishor-mustaqil-khotima-1049443614.html
олмон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/12/1038559351_315:0:2839:1893_1920x0_80_0_0_359961bf4dd1531b914096e136b4246d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, олмон, сиёсат
русия, украина, олмон, сиёсат
Интиқоди тунди вакили рус аз вазири умури хориҷаи Олмон
15:07 25.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Сенатори рус вазири корҳои хориҷаи Олмонро барои суханонаш дар бораи "истифода"-и Русия аз гуруснагӣ маҳкум кард ва гуфт, чунин суханрониҳо худсафедкуниянд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сенатор Алексей Пушков изҳороти Анналена Бербок - вазири корҳои хориҷаи Олмон, ки гӯё Русия аз гуруснагӣ ҳамчун силоҳ истифода мекунад, шарҳ дод.
"Баҳси мунаққидони ғарбӣ дар бораи Русия ба вазъи воқеии кор рабте надорад, зеро он на ба талаботи мантиқ ва далелҳо, балки сирф декларативӣ мебошад. Ҳадаф сафед кардани сиёсати ифротгароёна аст", - навиштааст сенатор дар шабакаи Telegram-и худ.
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст, кишварҳои ғарбӣ Маскавро дар мухолифат бо интиқоли колоҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кардаанд,
Русия ин гуна иттиҳомҳоро қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, худи Киев барои содироти ғалла барои содирот монеаҳои зиёде ба вуҷуд овард: афзун бар оташсӯзии маводи ғизоӣ, ки дар бандари Мариупол ошкор шуд, қувваҳои мусаллаҳи Украина бандари баҳри Сиёҳро минагузорӣ карданд, ки ин наметавонист имконият барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ кашондани ғизо бошад.
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, дар содироти ғалла аз Украина мушкиле вуҷуд надорад ва Маскав ба ин дахолат намекунад.
Президент таъкид кард, ки агар Украина бандарҳоро аз минаҳо пок кунад, киштиҳои боркашонии ғалла метавонанд бидуни мушкилот ба хориҷ раванд.