Дар Ӯзбекистон имкон дорад, муҳлати президентиро тамдид кунанд

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Дар лоиҳаи ислоҳоти Қонуни Асосӣ пешниҳод шудааст, ки муҳлати ваколати президенти Ӯзбекистон то 7 сол тамдид карда шавад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон", ки рӯзи шанбе нашр шуд, банд дар бораи тамдиди мӯҳлати ваколати президенти Ӯзбекистонро аз 5 то 7 сол ворид кард.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ахиран пешниҳод кард, ки раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки қонуни асосии кишвараш то моҳи декабри соли 2022 нав карда шавад.
Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, ки лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад. Рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, рӯзи ҷумъа дар баррасии аввал тасвиб шуд ва қарор шуд, ки барои муҳокимаи умум нашр шавад.
"Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаи "панҷ" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шавад", - омадааст дар матни лоиҳа, ки дар рӯзномаи парлумонии "Народное слово" нашр шудааст.
Моддаи 90-уми Конститутсияи амалкунанда пешбинӣ мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби шаҳрвандони кишвар дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.
Встреча Рахмона и Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Аз иқтисод то амният: Раҳмон гуфт, бо Мирзиёев сари кадом масоил тавофуқ ҳосил карданд
Моҳи апрели соли 2002 дар иҷлосияи порлумони Ӯзбекистон дар бораи тамдиди салоҳияти Ислом Каримов, раисиҷумҳури нахустини ин кишвар аз 5 то 7 сол тасмим гирифта шуд. Моҳи декабри соли 2011 бори дигар тағйирот ба конститутсия қабул карда шуд, ки мӯҳлати президентро аз 7 ба 5 сол коҳиш дод.
Мирзиёев бори нахуст моҳи декабри соли 2016, баъди се моҳи даргузашти Каримов, дар интихоботи пешазмуҳлат дар Ӯзбекистон раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2021 бори дигар дар интихоботи президентӣ бо дарёфти 80,12% овоз пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0