Аз иқтисод то амният: Раҳмон гуфт, бо Мирзиёев сари кадом масоил тавофуқ ҳосил карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Рахмона и Мирзиёева
Встреча Рахмона и Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Сарвари давлат ҷузъиёти музокирот бо ҳамтои ӯзбекашро ошкор кард, ки ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун ба созишҳои калидӣ расидаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз мулоқоташ бо Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо хабарнигорон суҳбат кард. Дар ин хусус хадамоти матбуоти президенти кишвар иттилоъ додааст.
Раҳмон таъкид кард, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтои узбеки худ санади стратегӣ – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, ки ба манфиатҳо ҷонибҳо ва сулҳу субот аст.
Рахмон и Мирзиёев посетили технопарк в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Боздиди Раҳмон ва Мирзиёев аз парки техникии Тошканд
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар 3 соли ахир миёни ҷумҳуриҳо ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шудааст. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунон самти афзалиятнок боқӣ мемонад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки гардиши мол миёни кишварҳо дар соли 2021 беш аз 600 миллион долларро ташкил додааст. Дар зарфи 6 сол бошад, он 40 баробар афзудааст. Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҳадафи худ, яъне ба 1 миллиард доллар расондани додугирифти молӣ наздик мешаванд.
Раҳмон баргузории форуми минтақаҳои ду ҷумҳуриро дар нимаи дуюми соли 2022 эълон кард. Чорабиниро сарвазирон роҳбарӣ мекунанд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика аз оғози лоиҳаи муштараки бунёди ду нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон, ки ахиран оғоз шуд, ёдовар шуд.
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев во время церемонии старта совместной ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Раҳмону Мирзиёев тугмаи оғози бунёди 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро зер карданд
Дар соҳаи нақлиёт роҳандозии ҳаракати қатори мусофирбар байни кишварҳо қадами муҳим хоҳад шуд. Раҳмон гуфт, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд.
Раҳбарони кишварҳо ба масоили илму фарҳанг ва ҳунару санъат, ки халқҳои ду ҷониб муштаракоти зич доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд.
Амният як мавзуи муҳими музокирот буд. Раҳмон ва Мирзиёев омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин замина, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъйид карданд.
Лентаи хабарҳо
0