Як ҳайати тиҷории Тоҷикистон ба Теҳрон рафт

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Як ҳайати вижаи тиҷорӣ аз Тоҷикистон ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар заминиҳои қарордодҳои ҳосилшуда ба Теҳрон рафтааст
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Як ҳайати тиҷории ҳукумати Тоҷикистон зери раҳбарии муовини аввали вазорати саноат ва технологияҳои нави ин кишвар вориди Теҳрон шуд.
Сафари ин ҳайат дар ростои тавофуқоти чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии илмӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон сӯрат гирифтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Садо ва симо".
Гуфта мешавад, ки дар назар аст, Кумитаи муштараки саноат, маъдану тиҷорати ду кишвар ташкил шавад.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Баррасии густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
Ҳамзамон дидору гуфтугӯҳои Алиризо Паймонпок, муовини вазири САМТ ва раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ва муовини аввали вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар маҳали Созмони тавсеаи тиҷорат баргузор мешавад.
Ба иттиллои манбаъ, зимни ин сафар дар назар аст, ки ҳайати тиҷории Тоҷикистон аз ширкатҳои саноати доруӣ, саноати ғизоӣ, петрошимӣ ва маҳсӯлоти кимиёвии Эрон дар назар аст.
Ин ҳайат ҳамчунин дидорҳоеро бо мақомоти вазорати нерӯ, нафт, ҳамлу нақл ва роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад дошт.
То кунун миёни кишварҳо ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, президенти Тоҷикистон ахиран бо сафари расмӣ дар Эрон бо ҳамтои эронияш Иброҳи Раисӣ 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд, ки бештари он дар бахши иқтисод рабт дорад.
Лентаи хабарҳо
0