https://sputnik.tj/20220608/barrasii-gustarishi-hamkoriho-tojikistonu-eron-1049016987.html
Баррасии густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
Баррасии густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нерӯи Эрон, ки барои ширкат дар дуввумин иҷлоси об ба Душанбе омадааст, бо сарвазир ва вазири хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2022-06-08T10:00+0500
2022-06-08T10:00+0500
2022-06-08T14:01+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
сарвазир
вазири хориҷа
мулоқот
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/16/1029391674_0:301:3000:1989_1920x0_80_0_0_b0189619eb27a1dd5898cf510299ee1a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар дидор бо Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон, ки барои иштирок дар конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Душанбе ҳузур дорад, гуфт, густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бо Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии робитаи дуҷониба дар арсаҳои гуногун ташаккул ёфта, тақрибан 200 санадро дар бар мегирад.Сарвазир илова кард, ки байни ин ду кишвари дӯст ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шудааст.Татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 низ метавонад ба тавсеаи беш аз пеши ин ҳамкорӣ ба таври муассир мусоидат кунад.Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо вазири нерӯи Эрон Алиакбар Меҳробиён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон мебошад, мулоқот кард.Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин роҳҳои муассири амалисозии тавофуқҳои дар рафти сафари расмии ахири президенти кишвар ба Эрон ҳосилшударо баррасӣ карданд.Гуфта мешавад, ки вазири нерӯи Эрон муҳимияти конфронсро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуда, ҷониби тоҷикистониро барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ситоиш кард.
https://sputnik.tj/20220608/vaziri-nerui-eron-ba-tojikiston-omad-1049015511.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/16/1029391674_551:194:2958:2000_1920x0_80_0_0_fc36c71e103d369925c84df96da2c324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, мулоқот, сарвазир, вазири хориҷа, вазири нерӯи эрон
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, мулоқот, сарвазир, вазири хориҷа, вазири нерӯи эрон
Баррасии густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
10:00 08.06.2022 (Навсозишуда: 14:01 08.06.2022) Вазири нерӯи Эрон, ки барои ширкат дар дувумин иҷлоси об ба Душанбе омадааст, бо сарвазир ва вазири хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар дидор бо Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон, ки барои иштирок дар конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Душанбе ҳузур дорад, гуфт, густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бо Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии робитаи дуҷониба дар арсаҳои гуногун ташаккул ёфта, тақрибан 200 санадро дар бар мегирад.
Сарвазир илова кард, ки байни ин ду кишвари дӯст ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шудааст.
Татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 низ метавонад ба тавсеаи беш аз пеши ин ҳамкорӣ ба таври муассир мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо вазири нерӯи Эрон Алиакбар Меҳробиён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон мебошад, мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин роҳҳои муассири амалисозии тавофуқҳои дар рафти сафари расмии ахири президенти кишвар ба Эрон ҳосилшударо баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки вазири нерӯи Эрон муҳимияти конфронсро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуда, ҷониби тоҷикистониро барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ситоиш кард.