https://sputnik.tj/20220624/turkiya-rusiya-etimod-1049484619.html
Човушоғлӯ: Туркия ва Русия ба ҳамдигар эътимод доранд
Човушоғлӯ: Туркия ва Русия ба ҳамдигар эътимод доранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, Анқара ва Маскав ихтилоф доранд, аммо ба ҳамдигар эътимод доранд
2022-06-24T15:44+0500
2022-06-24T15:44+0500
2022-06-24T20:24+0500
дар русия
туркия
муносибот
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Туркия ва Русия дар бораи авзоъ дар Украина ихтилоф доранд, аммо миёни тарафҳо эътимод вуҷуд дорад, гуфт Мавлуд Чавушоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия, хабар медиҳад РИА "Новости".Пештар Ҳулусӣ Акар, вазири дифоъи миллии Туркия гуфта буд, ки дар масъалаи содироти ғалла аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ пешравӣ ба назар мерасад, аммо масоили фаннӣ вуҷуд дорад, ки бо Русия, Украина ва СММ бояд ҳал шавад. Ба гуфтаи ӯ, Туркия дар рӯзҳои наздик дар мавриди "мушкилоти ғалла" "иқдомҳои мусбат"-ро интизор аст. Мавлуд Чавушоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи панҷшанбе гуфт, агар Маскав ва Киев дар мавриди "мушкилоти ғалла" ба мувофиқа бирасанд, берун аз обҳои Украина "минтақаи амниятӣ" таъсис дода мешавад. Ба гуфтаи вай, Анқара кӯшиш мекунад, ки ҳарчи зудтар "мушкилоти ғалла" барои содироти киштиҳо бо ғалла аз бандарҳои баҳри Сиёҳ ҳал шавад. "Дар Маскав ҳайати низомии мо мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳоло мо мехоҳем ҳайатҳои Туркия, Русия, Украина ва СММ-ро дар Истамбул ҷамъ оварем, то механизм эҷод кунем", - таъкид кард ӯ. СММ борҳо аз таҳдиди буҳрони ғизоӣ бар асари камбуди ғалла изҳор доштааст, Ғарб Русияро дар муқобила бо интиқоли ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кард, Маскав ин гуна иттиҳомотро қотеъона рад кард. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Киев барои содироти ғалла монеаҳои зиёде эҷод карданд: ба ғайр аз оташсӯзии ошкоршудаи ғалла дар бандари Мариупол, нерӯҳои украинӣ бандарҳои баҳри Сиёҳро минагузорӣ кардаанд, ки ба ғалла имкон намедиҳад, бо киштиҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ кашонида шавад.Эрдуғон: Аврупо аз авзои Украина дар воҳима астПрезиденти Русия Владимир Путин гуфт, Русия ба содироти ғалла аз Украина монеъ намешавад ва агар Украина бандарҳоро аз мина пок кунад, киштиҳои ғалладор метавонанд бидуни мушкилот берун шаванд.
https://sputnik.tj/20220519/erdughon-turkiya-rusiya-dast-namekashad-1048565068.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муносибот,туркия, русия
Човушоғлӯ: Туркия ва Русия ба ҳамдигар эътимод доранд
15:44 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:24 24.06.2022) Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, Анкара ва Маскав ихтилоф доранд, аммо ба ҳамдигар эътимод доранд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Туркия ва Русия дар бораи авзоъ дар Украина ихтилоф доранд, аммо миёни тарафҳо эътимод вуҷуд дорад, гуфт Мавлуд Чавушоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия, хабар медиҳад РИА "Новости".
Пештар Ҳулусӣ Акар, вазири дифоъи миллии Туркия гуфта буд, ки дар масъалаи содироти ғалла аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ пешравӣ ба назар мерасад, аммо масоили фаннӣ вуҷуд дорад, ки бо Русия, Украина ва СММ бояд ҳал шавад.
Ба гуфтаи ӯ, Туркия дар рӯзҳои наздик дар мавриди "мушкилоти ғалла" "иқдомҳои мусбат"-ро интизор аст.
Мавлуд Чавушоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи панҷшанбе гуфт, агар Маскав ва Киев дар мавриди "мушкилоти ғалла" ба мувофиқа бирасанд, берун аз обҳои Украина "минтақаи амниятӣ" таъсис дода мешавад.
"Бале, миёни мо дар бисёр масоил, аз ҷумла дар бораи вазъ дар Украина ихтилоф вуҷуд дорад. Аммо мо итминон дорем, ки Туркия ягона кишварест, ки метавонад Русия ва Украинаро сари як миз шинонад", - гуфт Чавушоғлу дар нишасти ҳизби адолат ва рушд.
Ба гуфтаи вай, Анқара кӯшиш мекунад, ки ҳарчи зудтар "мушкилоти ғалла" барои содироти киштиҳо бо ғалла аз бандарҳои баҳри Сиёҳ ҳал шавад.
"Дар Маскав ҳайати низомии мо мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳоло мо мехоҳем ҳайатҳои Туркия, Русия, Украина ва СММ-ро дар Истамбул ҷамъ оварем, то механизм эҷод кунем", - таъкид кард ӯ.
СММ борҳо аз таҳдиди буҳрони ғизоӣ бар асари камбуди ғалла изҳор доштааст, Ғарб Русияро дар муқобила бо интиқоли ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кард, Маскав ин гуна иттиҳомотро қотеъона рад кард.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Киев барои содироти ғалла монеаҳои зиёде эҷод карданд: ба ғайр аз оташсӯзии ошкоршудаи ғалла дар бандари Мариупол, нерӯҳои украинӣ бандарҳои баҳри Сиёҳро минагузорӣ кардаанд, ки ба ғалла имкон намедиҳад, бо киштиҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ кашонида шавад.
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия ба содироти ғалла аз Украина монеъ намешавад ва агар Украина бандарҳоро аз мина пок кунад, киштиҳои ғалладор метавонанд бидуни мушкилот берун шаванд.