https://sputnik.tj/20220624/shoygu-naqsha-terroriston-afghon-oshkor-1049485592.html
Шойгу нақшаҳои террористони афғонро ошкор кард
Шойгу нақшаҳои террористони афғонро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия гуфт, дар Афғонистон идеологияи радикализми мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ густариш меёбад
2022-06-24T16:45+0500
2022-06-24T16:45+0500
2022-06-24T20:22+0500
афғонистон
сергей шойгу
дар русия
ом
мубориза бо терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_0:0:2627:1478_1920x0_80_0_0_4486e2419926381a0ac424ee8c891047.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Террористони байналмилалӣ метавонанд аз Афғонистон барои ташкили як шабакаи пинҳонии ҷиҳодӣ ва ворид шудан ба давлатҳои ҳамсоя истифода баранд. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Афғонистон идеологияи радикализми мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ густариш меёбад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ба манзури муқовимат бо террористон ва таҳияи равишҳои муштарак дар мубориза бо онҳо роҳандозӣ шавад, хулоса кард ӯ дар нишасти вазирони дифоъи Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна. Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ ҳамчунин раҳбарони вазоратҳои дифои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Руслан Жаксиликов, Бақтибек Бекболотов, Шералӣ Мирзо ва Баҳодур Қурбонов ширкат доштанд. Ин мулоқот бори аввал аст, ки дар чунин шакл баргузор мешавад. Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, дар бораи хатарҳои аслӣ аз Афғонистон сухан гуфта буд. Ба қавли ӯ, мушкили аслӣ ҷараёни гурезаҳо ва терроризм аст. Аъзоёни созмонҳои террористии байналмилалӣ "дар сарзамини Афғонистон худро роҳат ҳис мекунанд". Онҳо метавонанд ба давлатҳои ҳамсоя ворид шаванд, гуфт Патрушев. Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 20 гурӯҳ фаъолият доранд, ки бузургтарини онҳо “Вилояти Хуросон*, як бахши “Давлати исломӣ” аст. Шумораи чанговарони "Ал-қаида* низ меафзояд. Дар ҳоли ҳозир дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар ҳастанд, таъкид кард Патрушев. * - созмонҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20220623/frolov-tahdid-afghoniston-tojikiston-1049439278.html
афғонистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_187:0:2416:1672_1920x0_80_0_0_4ccef141c1ba7c350921992ce2d0430b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу нақша террористон афғон ошкор
шойгу нақша террористон афғон ошкор
Шойгу нақшаҳои террористони афғонро ошкор кард
16:45 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:22 24.06.2022) Вазири дифои Русия гуфт, дар Афғонистон идеологияи радикализми мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Террористони байналмилалӣ метавонанд аз Афғонистон барои ташкили як шабакаи пинҳонии ҷиҳодӣ ва ворид шудан ба давлатҳои ҳамсоя истифода баранд. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Афғонистон идеологияи радикализми мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ густариш меёбад.
"Роҳбарони террористҳои байналмилалӣ қаламрави Афғонистонро як пойгоҳ барои ворид шудан ба кишварҳои ҳамсоя ва эҷоди шабакаи густурдаи ҷиҳодии пинҳонӣ медонанд, ки аз ҷумла тавассути интиқоли ҷангҷӯён аз нуқтаҳои доғ пурра карда мешавад", - таъкид кард Шойгу.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ба манзури муқовимат бо террористон ва таҳияи равишҳои муштарак дар мубориза бо онҳо роҳандозӣ шавад, хулоса кард ӯ дар нишасти вазирони дифоъи Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ ҳамчунин раҳбарони вазоратҳои дифои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Руслан Жаксиликов, Бақтибек Бекболотов, Шералӣ Мирзо ва Баҳодур Қурбонов ширкат доштанд.
Ин мулоқот бори аввал аст, ки дар чунин шакл баргузор мешавад. Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, дар бораи хатарҳои аслӣ аз Афғонистон сухан гуфта буд.
Ба қавли ӯ, мушкили аслӣ ҷараёни гурезаҳо ва терроризм аст. Аъзоёни созмонҳои террористии байналмилалӣ "дар сарзамини Афғонистон худро роҳат ҳис мекунанд". Онҳо метавонанд ба давлатҳои ҳамсоя ворид шаванд, гуфт Патрушев.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 20 гурӯҳ фаъолият доранд, ки бузургтарини онҳо “Вилояти Хуросон*, як бахши “Давлати исломӣ” аст.
Шумораи чанговарони "Ал-қаида* низ меафзояд. Дар ҳоли ҳозир дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар ҳастанд, таъкид кард Патрушев.
* - созмонҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.