Мукомел: Мутобиқшавии муҳоҷирон бе пазироии хуш ғайриимкон аст

© Sputnik / Александр Поготов / Гузариш ба медиабонкЦентр тестирования трудовых мигрантов в Ростове-на-Дону
Центр тестирования трудовых мигрантов в Ростове-на-Дону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Коршиноси рус мегӯяд, мутобиқшавии муҳоҷирон бидуни фароҳам овардани фазои хайрхоҳона дар кишвари қабулкунанда ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Владимир Мукомел, роҳбари бахши омузиши ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ ва ҳамгироии Пажуҳишгоҳи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Русия, дар конфронси “Маскав: минтақаи ҳуснитафоҳум”, гуфт, ки мутаасифона дар пойтахтҳои Русия аз ҷумла шаҳри Маскав ва Санкт-Птербург бегонаситезӣ мушоҳида мешавад, ки бо он бояд мубориза бурда шавад.
Вай ҳамчунин илова кард, ки муҳоҷиронро бидуни фароҳам овардани фазои хайрхоҳона аз сӯйи ҷомеаи қабулкунанда мутобиқ кардан ғайриимкон аст.
Вай гуфт, Русия бояд бо ҳамин гуна зарфияти муҳоҷирони бипазирад.
“Мо бояд ҳимин ҳамин гуна зарфияти муҳоҷирони бипазирем. Мо бояд тамоми баҳсҳо дар бораи боло бурдани сиффати муҳоҷирони кориро хотима бидиҳем. Мо бояд бо он муҳоҷироне, ки ҳастанд кор карданро ёд бигирем”, - таъкид кард коршинос
Вай илова кард, ки муҳоҷироне, ки маълумоти олӣ ё маълумоти миёнаи ҳирфаӣ доранд дар ҷойҳое кор мекунанд, ки умуман ихтисос лозим нест.
Сучков Виталий Иванович - Руководитель Департамента национальной политики и межрегиональных связей города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
Дар ҳамин ҳол оқои Мукомел қайд кард, ки раванди муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дигар ғайр аз Русия на чандон зиёд аст.
“Мо бартарӣ дорем. Ин мероси ягонаи фарҳангӣ ва забон аст. Мехоҳед ё на, забони русӣ дар кишварҳои асосии донори муҳоҷират омухта мешавад. Ҳамчунин дар Русия диаспораҳои бузург таъсис ёфтааст”, - зикр кард ӯ.
Оқои Мукомел ҷазби муташшакили муҳоҷирон ба Русияро шеваи муносиби ҷазби коргарони хориҷӣ ба ин кишвар намедонад
“Ҷазби муташшакили муҳоҷирон бештар ба корхонаҳои бузург лозим аст. аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия дар бахши хидматрасонӣ кор мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки ҷазби ҷамъии коргарони муҳоҷир на дар ҳама ҳолат муассир аст”, гуфт роҳбари бахши омузиши ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ ва ҳамгироии Пажуҳишгоҳи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Русия.
Лентаи хабарҳо
0