https://sputnik.tj/20220624/alomat-surkhakon-hamduna-1049489439.html
Аломати вижаи сурхакони ҳамдуна маълум шуд
Аломати вижаи сурхакони ҳамдуна маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуроти сурхакони ҳамдуна барои олимон чандон мушаххас нест, аммо сироятро бо як хусусияти хос ва ногувор метавон аз дигар сароятҳо фарқ кард
2022-06-24T19:22+0500
2022-06-24T19:22+0500
2022-06-24T20:00+0500
тандурустӣ
бемор
сироят
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044691892_0:0:2955:1663_1920x0_80_0_0_53eef145f4b19bdd9ab9b0da806bea08.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Пайдоиши чирк даруни обиларо метавон аломати хоси сурхакони маймун ҳисобид.Дар ин бора вирусолог, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Петр Чумаков хабар дод. "Вақте ки доғҳои пӯст пайдо мешаванд, онҳоро бо чизи дигар омехта кардан душвор аст. Барои ҳамон коронавирус, он хос нест, аммо дар баъзе щолатщо албатта, дар пӯст доғҳои хурд пайдо мешаванд. Аммо ба ҳар ҳол, барои сурхакони маймун чирки даруни обила хос аст", — кайд кард коршинос. Ба гуфтаи ӯ, зуҳуроти ибтидоии сироят ба аломатҳои хоси он монанд нест. Ҳамчунин, Чумаков дар суҳбат бо "Лента.ру" афзуд, ки сирояти сурхакони маймун тавассути тамоси наздик сурат мегирад. Сироят метавонад, асимптоматикӣ бошад. Дар ин бора қаблан вирусшинос Сергей Нетесов бо такя ба тадқиқот изҳор карда буд. Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣАломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220624/sjt-omor-giriftoroni-obila-maymun-jahon-1049476853.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044691892_226:0:2955:2047_1920x0_80_0_0_f64011c62ffeb1b9f40392a1a88e802b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ, сироят, сурхакони ҳамдуна, нишона
беморӣ, сироят, сурхакони ҳамдуна, нишона
Аломати вижаи сурхакони ҳамдуна маълум шуд
19:22 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:00 24.06.2022) Алоими сурхакони ҳамдуна барои олимон чандон мушаххас нест, аммо ин бемориро бо як хусусияти хос ва ногувор метавон аз дигар маризиҳо фарқ кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Пайдоиши чирк даруни обиларо метавон аломати хоси сурхакони маймун ҳисобид.
Дар ин бора вирусолог, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Петр Чумаков хабар дод.
"Вақте ки доғҳои пӯст пайдо мешаванд, онҳоро бо чизи дигар омехта кардан душвор аст. Барои ҳамон коронавирус, он хос нест, аммо дар баъзе щолатщо албатта, дар пӯст доғҳои хурд пайдо мешаванд. Аммо ба ҳар ҳол, барои сурхакони маймун чирки даруни обила хос аст", — кайд кард коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, зуҳуроти ибтидоии сироят ба аломатҳои хоси он монанд нест.
Ҳамчунин, Чумаков дар суҳбат бо "Лента.ру" афзуд, ки сирояти сурхакони маймун тавассути тамоси наздик сурат мегирад. Сироят метавонад, асимптоматикӣ бошад.
Дар ин бора қаблан вирусшинос Сергей Нетесов бо такя ба тадқиқот изҳор карда буд.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.