Захарова гуфт, Маскав ба Вашингтон посухи қотеъ медиҳад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Вашингтон ба дипломатҳои рус амр дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро тарк кунанд, аммо ба парвози вижа аз Русия иҷозат надод
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Мақомоти Амрико аз додани иҷозаи берун овардани дипломатҳои рус аз ИМА тавассути ҳавопаймоҳои Русия худдорӣ карданд, гуфт Мария Захарова сухангӯи ВУХ.
Ба таъкиди ӯ, Вашингтон парвози махсусеро, ки мебоист кормандони намояндагиҳои дипломатии Русия ва аъзои оилаи онҳоро мебурд, иҷозат надод.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури хориҷии Амрико аз дипломатҳои Русия талаб намуд, ки то охири моҳи равон қаламрави кишварро тарк кунанд.
Захарова гуфт, Маскав наметавонад амалҳои мақомоти Амрикоро беҷавоб бимонад.
"Чунон ки мо қаблан ҳушдор дода будем, дар сурати саркашӣ аз вуруди ҳавопаймои махсуси Русия, ҳатман чораҳои ҷавобӣ андешида мешаванд, аз ҷумла дорои хусусияти асимметрӣ, ки мо дар вақти зарурӣ тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Баъдан Нед Прайс-сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар як брифинг гуфт, ки баррасии вазъи ихроҷи дипломатҳои рус аз Амрико дар ҷараёни машваратҳои дипломатӣ идома дорад.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Антонов аз хатари ҷанг миёни Русия ва Амрико ҳушдор дод
Қаблан сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфта буд, ки ба ӯ номае бо пешниҳоди тарки ватанаш омадааст. Дар нома ҳамчунин ба ӯ тавсия шудааст, ки амалкарди раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ошкоро маҳкум кунад ва сипас ба дафтари муовини аввали котиби давлатии ИМА Венди Шерман муроҷиат кунад.
Дипломат гуфт, ки ба Департаменти давлатии ИМА номаи ҷавобӣ ирсол шуда, талаб карда шудааст, ки ин чӣ маъно дорад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар намояндагии дипломатии Русия дар Амрико ба афроде, ки сафоратхонаро тарк мекунанд, кортҳо бо рақами тамоси кормандони ФБР дода мешавад ва пешниҳод мекунанд, ки бо афсарони хадамоти иктишофӣ суҳбат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0