Дар Суғд гирифторӣ ба нашъамандӣ кам шуд: чӣ қадар?

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкНаркотики, архивное фото
Наркотики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мизони гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Теъдоди мубталоёни бемории нашъамандӣ дар шимоли Тоҷикистон коҳиш ёфтаст.
Табибони Шифохонаи наркологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори гирифторӣ ва табобат аз нашъамандиро шарҳ доданд.
Бахтиёр Сатторов, сартабиби Шифохонаи наркологии Суғд гуфт, ки ҳоло дар қайди онҳо 868 нафар қарор доранд.
"Аз шумораи умумӣ 846 мард ва 22 зан мебошанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 18 нафар ба қайд гирифта шуда, 36 нафар ба далели табобати комил аз қайди нашъамандон хориҷ карда шудаанд", - афзуд, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Бар пояи иттилои Сатторов ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта беш аз 30 ҳолат камтар гуфта мешавад. Давоми шаш моҳи соли гузашта теъдоди нашъамандон 899 нафар шумурда мешуд.
Мак, опиаты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 18 нафар аз шумори нашъамандон фавтидаанд. Табибон иллати фавти ин теъдодро на аз нашъамандӣ балки ба далели доштани бемориҳои ҳамрадиф маънидод мекунанд.
Бино ба омори табибон Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент ва Исфара аз шаҳру навоҳии осебпазири Суғд гуфта мешаванд.
Бахтиёр Сатторов роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ алайҳи ин падидаи номатлубро аз омилҳои коҳишёбии мавридҳои гирифторӣ ба нашъамандӣ арзёбӣ кард.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамасола барои пешгирӣ аз нашъамандӣ бо ҷалби ҳунарманду варзишгарони саршинос маҳфилу чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ доир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0