https://sputnik.tj/20220623/rustami-emomali-safir-chin-tojikiston-zakhira-farovon-1049458692.html
Рустами Эмомалӣ ба сафири Чин гуфт, Тоҷикистон захираҳои фаровон барои ҳамкорӣ дорад
Рустами Эмомалӣ ба сафири Чин гуфт, Тоҷикистон захираҳои фаровон барои ҳамкорӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор гирифт 23.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-23T20:30+0500
2022-06-23T20:30+0500
2022-06-23T20:30+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
чин
сиёсат
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046247953_0:42:766:473_1920x0_80_0_0_7a4b5d1be61b51d72248d0e9c61c8f3a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон баргузор шуд.Дар ин бора котиботи раиси шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс аз мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Тсзи Шумин хабар дод.Манбаъ меафзояд, дар оғози мулоқот, мири Душанбе сафири Чинро барои интихоб шудани намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, ба умедворӣ намуд, ки дар таҳкими муносибатҳои ду кишвар саҳми созгор хоҳад расонд.Рустами Эмомалӣ зикр намудааст, ки Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошад."Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намуданд", - омадаасат дар хабарнома.Дар идомаи мулоқот, Рустами Эмомалӣ ба ҳукумати Чин барои ирсоли ваксинаҳои зидди бемории коронавирус дар давраи паҳншавии ин маризӣ изҳори миннатдорӣ кард.Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ давлатро қабул намуд, ки миёни онҳо сафири Чин. Тсзи Шумин низ қарор дошт.Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳар даҳ кишвар зикр намуда, изҳор дошта буд, ки сафирони фавқулода бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220615/rahmon-etimodnoma-safir-khorij-qabul-1049200261.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046247953_94:0:725:473_1920x0_80_0_0_677f7b38f25fd977b3f98c6e55c5ce12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, чин, сиёсат , сафир
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, чин, сиёсат , сафир
Рустами Эмомалӣ ба сафири Чин гуфт, Тоҷикистон захираҳои фаровон барои ҳамкорӣ дорад
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин бора котиботи раиси шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс аз мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Тсзи Шумин хабар дод.
Манбаъ меафзояд, дар оғози мулоқот, мири Душанбе сафири Чинро барои интихоб шудани намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, ба умедворӣ намуд, ки дар таҳкими муносибатҳои ду кишвар саҳми созгор хоҳад расонд.
Рустами Эмомалӣ зикр намудааст, ки Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошад.
"Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намуданд", - омадаасат дар хабарнома.
Дар идомаи мулоқот, Рустами Эмомалӣ ба ҳукумати Чин барои ирсоли ваксинаҳои зидди бемории коронавирус дар давраи паҳншавии ин маризӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ давлатро қабул намуд, ки миёни онҳо сафири Чин. Тсзи Шумин низ қарор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳар даҳ кишвар зикр намуда, изҳор дошта буд, ки сафирони фавқулода бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузор мекунанд.