https://sputnik.tj/20220623/eron-rusiya-sozishnoma-hamkori-1049457811.html
Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд
Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтои русаш дар Теҳрон созишномаи ҳамкориро баррасӣ кард. Дар Эрон ин созишнома барои тасвиб ба пурламон фиристода мешавад
2022-06-23T19:00+0500
2022-06-23T19:00+0500
2022-06-23T20:23+0500
эрон
дар русия
таҳримҳо
сергей лавров
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049457299_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b1187b0fbba4d9b6b98a42bc33c37414.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, , гуфт, ки музокирот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ба хубӣ гузашта, дар бораи тавофуқи ҷадиди равобити Теҳрону Маскав табодули назар кардаанд. "Мо бо ҷаноби Лавров гуфтугӯҳои хубе доштем, мо масъалаҳои мухталифи рӯзномаи дуҷониба, минтақаӣ ва ҳамчунин рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ кардем", - менависад РИА "Новости" аз қавли Абдуллоҳиён. Ӯ афзуд, ки дар музокирот ба масъалаи бастани созишнома дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи дарозмуддат ва стратегӣ аҳамияти калон дода шуд. "Мо андешаҳои ҳамкасбонамонро аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ва ҳамчунин аз дигар идораҳои Русия дарёфт кардем. Умедворем, ки ба зудӣ мо метавонем ҷаласаи коршиносонро доир кунем, то муҳтавои ин созишномаро баррасӣ ва тавсиби онро дар порлумон роҳандозӣ намоем”, - афзуд ӯ.Ёдрас мешавем, ки қаблан дар шаҳри Маскав ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрону Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуда буд.Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф, аз ҷумла саноат, фанноварӣ, соҳаи нафту кимиё, дору, саноати ғизоӣ ва ғайра ба сурати рӯ дар рӯ бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.Эрон бозори Русияро бо масолеҳи сохтмонӣ ва технологӣ пур мекунадДар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220603/eron-rusiya-enerzhi-logistika-1048903580.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049457299_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_f086e899da6573ca95a8920b48969cbd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, лавров, эрон
Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд
19:00 23.06.2022 (Навсозишуда: 20:23 23.06.2022) Вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтои русаш дар Теҳрон созишномаи ҳамкории ин ду кишварро баррасӣ кард. Ин созишномаро парлумонҳои ду кишвар тасвиб хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, , гуфт, ки музокирот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ба хубӣ гузашта, дар бораи тавофуқи ҷадиди равобити Теҳрону Маскав табодули назар кардаанд.
"Мо бо ҷаноби Лавров гуфтугӯҳои хубе доштем, мо масъалаҳои мухталифи рӯзномаи дуҷониба, минтақаӣ ва ҳамчунин рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ кардем", - менависад РИА "Новости" аз қавли Абдуллоҳиён.
Ӯ афзуд, ки дар музокирот ба масъалаи бастани созишнома дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи дарозмуддат ва стратегӣ аҳамияти калон дода шуд.
"Мо андешаҳои ҳамкасбонамонро аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ва ҳамчунин аз дигар идораҳои Русия дарёфт кардем. Умедворем, ки ба зудӣ мо метавонем ҷаласаи коршиносонро доир кунем, то муҳтавои ин созишномаро баррасӣ ва тавсиби онро дар порлумон роҳандозӣ намоем”, - афзуд ӯ.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар шаҳри Маскав ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрону Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуда буд.
Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф, аз ҷумла саноат, фанноварӣ, соҳаи нафту кимиё, дору, саноати ғизоӣ ва ғайра ба сурати рӯ дар рӯ бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.
Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.