https://sputnik.tj/20220603/eron-rusiya-enerzhi-logistika-1048903580.html
Эрон бо Русия дар заминаи энержӣ ва логистика ҳамкорӣ мекунад
Эрон бо Русия дар заминаи энержӣ ва логистика ҳамкорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон мегӯяд, Теҳрон ва Маскав бояд дар заминаи энержӣ ва логистикӣ ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт, кишварҳо барои ҳамкорӣ имкониятҳои бузург доранд
2022-06-03T15:06+0500
2022-06-03T15:06+0500
2022-06-03T19:50+0500
эрон
дар русия
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044963271_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_e42507a7569fe56939af00f51908cabf.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эрон ва Русия бояд ҳамкориҳоро дар заминаи энержӣ ва логистикаи нақлиётӣ густариш диҳанд. Дар ин бора Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия гуфтааст, менависад РИА "Новости".Ба гуфтаи ӯ, аз ин рӯ "мо бояд ин масирро якҷоя таҳия кунем. Самти дуюми ҳамкорӣ метавонад энергетика бошад, ки мо, албатта, бояд дар ин самт ҳамкорӣ кунем". Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни сафари муовини нахуствазири Русия Александр Новак ба Теҳрон ин мавзуъ матраҳ шуд ва ҷонибҳо дар ин самт ба кор шуруъ карданд.Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.Дар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣРусия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20220526/eron-bozor-rusiya-pur-1048731785.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044963271_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_96a9d5d926365a0ebb16cf40c4b595fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкориҳо, эрон, русия, густариш
ҳамкориҳо, эрон, русия, густариш
Эрон бо Русия дар заминаи энержӣ ва логистика ҳамкорӣ мекунад
15:06 03.06.2022 (Навсозишуда: 19:50 03.06.2022) Сафири Эрон мегӯяд, Теҳрон ва Маскав бояд дар заминаи энержӣ ва логистика ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт, кишварҳо барои ҳамкорӣ имкониятҳои бузург доранд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эрон ва Русия бояд ҳамкориҳоро дар заминаи энержӣ ва логистикаи нақлиётӣ густариш диҳанд. Дар ин бора Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия гуфтааст, менависад РИА "Новости".
"Мо барои ҳамкорӣ имкониятҳои бузург дорем. Яке аз ин самтҳо бунёди долони нақлиётии Шимолу Ҷануб аст. Масири оптималии пайваст кардани Осиёи Шарқӣ бо Аврупо тавассути Эрон ва Русия мегузарад", - гуфтааст ӯ дар пахши телевизиони "Россия 24".
Ба гуфтаи ӯ, аз ин рӯ "мо бояд ин масирро якҷоя таҳия кунем. Самти дуюми ҳамкорӣ метавонад энергетика бошад, ки мо, албатта, бояд дар ин самт ҳамкорӣ кунем".
Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни сафари муовини нахуствазири Русия Александр Новак ба Теҳрон ин мавзуъ матраҳ шуд ва ҷонибҳо дар ин самт ба кор шуруъ карданд.
Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.
Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.