Коршинос аз муҳимияти забони русӣ ба тоҷикистониён гуфт: Имконотро зиёд мекунад

© Sputnik Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Коршиноси тоҷик гуфт, донистани забони русӣ ба сокинони ҷумҳурӣ шароити дастёбӣ ба имконоти боз ҳам бештарро фароҳам меоварад
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Забони русӣ ба тоҷикон барои шинохту кашфи бештари ҷаҳон имкониятҳои кофӣ медиҳад.
Дар ин бора Гулчеҳра Шарифова, номзади илмҳои ҳуқуқ, устоди факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) изҳор дошт.
Ба андешаи ӯ, донистани ин забон имкони шинохти ҷаҳониро барои тоҷикон хеле васеъ мекунад.
Забони русӣ мисли қабл барои сокинони бисёр мамлакатҳо нақши муттаҳидкунанда мебозад.
Ба бовари вай, бо донистани забони русӣ, ҳудуди имконот барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо васеъ мешавад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Лавров гуфт, дар Тоҷикистон чанд мактаби нави русӣ боз мешавад
"Донистани забони русӣ бениҳоят муҳим аст, ин забон имкон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик худро аз ҷаҳон наканда, аз кишварҳои дигар дар канор набошад",-афзуд Шарипова.
Ба гуфтаи вай, донистани забони русӣ "имконияти бузург барои шинохти ҷаҳон" аст, зеро тақрибан ҳамаи кишварҳои ИДМ бо ин забон ҳарф мезананд.

"Ин аз нақши муттаҳидкунандаи забон мегӯяд, ки он пайванд барои ҳама халқу кишварҳост", - гуфт Шарипова ба хабаргузории ТАСС.

Гулчеҳра Шарифова афзуд, ҳатто пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон истифода мешавад ва мақоми он дар Қонуни Асосӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар шудааст.
Вай ёдовар шуд, ки шарикии стратегӣ бо Русия ва ҳамчунин равобити дӯстона бо дигар кишварҳои ИДМ ба мартабаву нуфузи забони русӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳатто дар сатҳи давлатӣ барномаи дуввум барои беҳбуди таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст. Он барои 10 сол пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0