https://sputnik.tj/20220623/daler-juma-jalasa-toshkand-1049436319.html
Далер Ҷумъа барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Тошканд меравад
Далер Ҷумъа барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Тошканд меравад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энержии Тоҷикистон дар нишасти вазирони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон масоили энержии минтақаро баррасӣ мекунад
2022-06-23T09:58+0500
2022-06-23T09:58+0500
2022-06-23T15:41+0500
сҳш
дар тоҷикистон
далер ҷумъа
баррасии масоили энержӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Тошканд бо раҳбарони бахши энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мулоқот мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Қобилҷонов хабар дод. Дар ҳошияи нишасти вазирон раҳбарони вазоратҳои энержӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ барои созмон муҳимро баррасӣ мекунанд."Дар пайи натоиҷи нишаст, тасвиби асноди консептуалӣ дар бораи масири энержии СҲШ дар назар аст", - гуфт Қобилҷонов. Ин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика ва лоиҳаи истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия мебошад. Қобилҷонов зикр аст, ки ин нишаст дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад. Гуфта мешавад, дар ин Ҳамоиши энержӣ сарони ҳайатҳои кишварҳои узв низ ширкат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ет созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20220617/korshinos-tojikiston-iqtisod-kishvarho-shsh-tasir-1049258287.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
далер ҷумъа сҳш тошканд
Далер Ҷумъа барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Тошканд меравад
09:58 23.06.2022 (Навсозишуда: 15:41 23.06.2022) Вазири энержии Тоҷикистон дар нишасти вазирони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон масоили энержии минтақаро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Тошканд бо раҳбарони бахши энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мулоқот мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Қобилҷонов хабар дод.
"Иҷлоси дуввуми вазирони энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад", - гуфт манбаъ.
Дар ҳошияи нишасти вазирон раҳбарони вазоратҳои энержӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ барои созмон муҳимро баррасӣ мекунанд.
"Дар пайи натоиҷи нишаст, тасвиби асноди консептуалӣ дар бораи масири энержии СҲШ дар назар аст", - гуфт Қобилҷонов.
Ин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика ва лоиҳаи истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия мебошад.
Қобилҷонов зикр аст, ки ин нишаст дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин Ҳамоиши энержӣ сарони ҳайатҳои кишварҳои узв низ ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ет созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.