Коршинос аз нақши Тоҷикистон дар иқтисоди кишварҳои СҲШ гуфт

© Sputnik / Ольга БалашоваФлаги стран-участников ШОС. Архивное фото
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе як пешниҳодеро ба миён гузошт, ки зарфияти ин созмонро тавсеа медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили нишастҳои вазирони энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як иқдоми қобили таваҷҷуҳ барои рушди иқтисодии кишварҳои ин иттиҳодия аст.
Дар ин бора профессори Академияи хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Дабири кулли СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов дар ҷаласаи "Рӯзномаи нави тиҷорати СҲШ дар шароити муосир" дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
Ӯ ёдовар шуд, ки ин иқдом ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Вай чунин пешниҳодро дар нишасти солгарди СҲШ дар Душанбе баён дошт.
Глава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт
"Шакли нави ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ба манзури кушодани иқтидори Клуби энергетикии ғайрирасмии СҲШ тарҳрезӣ шудааст. Ин як самти нав, вале ниҳоят муҳим барои кишварҳост", - таъкид кард Олимов.
Вай қайд кард, ки нақша дар саммит дастгирӣ ёфт. Коршинос бо истинод ба маълумоти ОПЕК, аз имконоти бузурги кишварҳои узви СҲШ сухан гуфт. Масалан, захираи нафти онҳо 40% тамоми захираҳои тасдиқшудаи тиллои сиёҳро дар рӯи замин (тақрибан 620 миллиард баррел) ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, 35% захираҳои гази ҷаҳон дар давлатҳои аъзо тавлид мешавад ва саҳми содирот 21% аст.
"Ҳамкорӣ дар бахши энержӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои шарик дар мавриди истифода аз манобеъи таҷдидшаванда ва алтернативии энержӣ васеътар ҷорӣ карда шавад", - гуфт Олимов.
Вай аз сохтмони неругоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ин аввалин лоиҳаи густурдаи ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Коршинос ҳамчунин аз пуриқтидортарин нерӯгоҳи бодӣ дар Осиёи Марказӣ ном бурд, ки дар кори муштараки Чину Қазоқистон аст.
Мисоли равшани дигари ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар бахши энержӣ бунёди як нерӯгоҳи ҳастаӣ бо Русия дар Ӯзбекистон аст.
Ҳамкории давлатҳо дар соҳаи саноат ва энергетика бояд авлавияти рушди созмон гардад, гуфт Олимов.
Лентаи хабарҳо
0