Байден иқрор шуд, ки таҳримҳои зидди Русия ба ИМА зарба заданд

© AFP 2023 / MANDEL NGANПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Президенти Иёлоти Муттаҳида иқрор шуд, ки бастаҳои таҳрими зидди Русия ба болоравии нархи сӯзишворӣ дар Амрико мунҷар шудаанд.
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо медонистанд, ки ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ба далели ҳаводиси Украина наметавонад бидуни оқибат барои бозори энержӣ бимонад, гуфт президент Ҷо Байден зимни як паёми вижа ба мардумаш.
"Русия яке аз бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон аст. Мо интиқоли нафт ба Амрикоро қатъ кардем ва шарикони мо дар Аврупо низ ҳамин тавр карданд, зеро медонистанд, ки мо бо болоравии нархи бензин рӯбарӯ мешавем", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари Амрико, Вашингтон метавонист ба амалкарди Русия "чашм пӯшад" ва ба ин васила аз болоравии рекордии қимати маводи сӯхт пешгирӣ кунад.
"Ман фикр мекунам, ки ин нодуруст мебуд. Ман ҳамон вақт фикр мекардам ва ҳоло ҳам фикр мекунам",-гуфт роҳбари Кохи Сафед.
Дар натиҷа, Байден эътироф кард, ки аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина нархи бензин дар Амрико ба ҳисоби миёна ду доллар ва дар кишварҳои дигар аз ин ҳам бештар боло рафтааст.
Москва  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Қудрати Русия дар чист: ду корти асосии кишвар алайҳи таҳримҳо ошкор шуд
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа барои озод кардани Донбасс алайҳи Маскав таҳримот ҷорӣ карданд. Қатъи занҷирҳои таъминот боиси мушкилоти иқтисодӣ дар Амрико ва Аврупо шудааст, ки бо афзоиши бесобиқаи қимати сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Масалан, дар ИМА таваррум дар моҳи май то ба 8,6 фоиз расид, ки ин аз декабри соли 1981 баландтарин нишондиҳанда буд ва 10 июн нархи бензин бори аввал дар таърих аз 5 доллар боло рафт.
Владимир Путин гуфт, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои кишварҳои ғарбӣ аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд.
Раҳбари Русия зимни суханронии худ дар Ҳамоиши иқтисодии Петербург қайд кард, ки қимати нафту газ ба далели фаъолияти худи Амрико боло меравад.
Лентаи хабарҳо
0