Кӣ дар Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ имтиёз дорад?

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеАбитуриент на вступительном экзамене, архивное фото
Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки кадом гурӯҳи довлатабон метавонанд барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ аз имтиёзҳои худ истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод, ки бо кадом шарт довталабони имтиёздор метавонанд барои дохилшавӣ аз имтиёзҳояшон истифода кунанд.
Ҳамин тавр, бино ба гузориши Маркази миллии тестӣ, ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш, фарҳанг ё санъат метавонанд зимни дохилшавӣ аз имтиёз бархӯрдор бошанд.
Дар баробари ин Маркази миллии тестӣ шарҳ дод, ки дар кадом сурат имтиёзҳо ба назар гирифта мешаванд.
Ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилот дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо, фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд.
Инчунин, ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳрист ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Ҳамчунин дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи "Номзад ба устоди варзиш" ё унвони "Устоди варзиш", "Устоди шоистаи варзиш", ё "Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ" буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.
Молодые люди пишут пишут Звездный диктант в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Маркази миллии тестӣ зиёда аз 1600 нафарро ба кор ҷалб мекунад
Дар ин росто, ММТ ба довталабони имтиёздор тавсия медиҳад, ки бо феҳристҳои дахлдор, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, шинос шаванд.
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон довталабон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода намояд.
Ёдрас мешавем, ки "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ " бо фармоиши вазири маорифи Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2016 тасдиқ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0