СММ бо мақомоти Тоҷикистон вазъи имрӯзаи гурезагонро баррасӣ кард

© Sputnik Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе чорабиниҳои муштарак барои дастгирии иҷтимоии гурезаҳо, аз ҷумла касбомузӣ, ба кор таъминсозӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии онҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Ин масъала ахиран зимни мулоққоти Маҳмадуллозода Нурулло, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Мулугета Зевди, роҳбари Намояндагии идораи Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури гурезаҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
“Зимни вохӯрӣ ҳамкории ҷонибҳо дар татбиқи чорабиниҳои муштарак барои дастгирии иҷтимоии гурезаҳо, аз ҷумла касбомузӣ, бокортаъминсозӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии онҳо баррасӣ гардид”, - таъкид кардааст масъулини Вазорати меҳнат.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки Тоҷикистон бо Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури гурезаҳо ҳамкории хуб дошта, ҷумҳурӣ дар Осиёи марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ҳамроҳ шуда, қонунгузории худро ба он мутобиқ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсони гурезаро эътироф ва таъмин менамояд.
Чрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Сафири Русия: Вуруди бештари паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон имкон дорад
Инчунин, дар ин дидор тарафҳо дар мавриди ба тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ба касбомузӣ ва шуғл фаро гирифтани шахсони гуреза ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0