https://sputnik.tj/20220622/shirkat-grossmeyster-tojik-olimpiada-1049417070.html
Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот
Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Фаррух Амонатов музокира доранд: ширкати ӯ дар олимпиада аз ҳаҷми кори мураббигӣ бастагӣ дорад.
2022-06-22T15:36+0500
2022-06-22T15:36+0500
2023-07-04T17:43+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
шоҳмот
фаррух амонатов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101546/79/1015467973_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d69b0ac758981b0912a809c30b009d05.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов метавонад кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2022 намояндагӣ кунад. Сабқат аз 28 июл то 10 август дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор мешаванд. Ҳоло намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Амонатов дар бораи ширкати эҳтимолии ӯ дар олимпиада гуфтушунид доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гроссмейстер "80% мураббӣ ва ҳамагӣ 20% бозигар" аст. Юнусов изҳори умедворӣ кард, ки Амонатов ба тими миллии Тоҷикистон мепайвандад ва дар мусобиқоти бузурги ҷаҳонӣ ба кишвар пирӯзӣ меорад. Вале дар ҷумҳурӣ шоҳмотбозони боистеъдоди дигар низ ҳастанд, ки дар олимпиада ба ҳайати тими миллӣ дохил мешаванд. Асосан, инҳо ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии дохилии кишвар мебошанд. Ҳоло онҳо ба задухурд бо рақибони пурқуввати ҷаҳонӣ фаъолона омодагӣ мебинанд. "Мо кӯшиш мекунем, ки дастаро дар ҳайати комил фиристем: 4 бозигари асосӣ, 1 эҳтиётӣ, 1 капитан. Ҳам мардон ва ҳам занон", - гуфт Юнусов. Вай таъкид кард, ки варзишгарон маҳорати худро такмил дода, ҳадафи пирӯзӣ доранд. Пештар президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот Аркадий Дворкович ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ эстафетаи машъалро дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнай оғоз карданд. Ҳиндустон бори аввал мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аст. Оғози сабқатҳо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон миёни шоҳмоту шашкабозонДар ин маросим Дворкович машъалро ба Моди супурд, ки онро сарвазири Ҳиндустон ба 15-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд супурд.Эстафетаи машъалгузорӣ дар давоми 40 рӯз аз 75 шаҳр мегузарад. Шумораи шаҳрҳо тасодуфан интихоб нашудааст - имсол Ҳиндустон 75-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад.
https://sputnik.tj/20220513/davi-milli-shohmot-oghozi-musobiqa-sughd-1048433360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101546/79/1015467973_0:0:1796:1347_1920x0_80_0_0_40818316ee27cbe3671a9734280d2757.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоҳмот, сабқат, фаррух амонатов, олимпиада
шоҳмот, сабқат, фаррух амонатов, олимпиада
Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот
15:36 22.06.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Фаррух Амонатов музокира доранд: ширкати ӯ дар олимпиада аз ҳаҷми кори мураббигӣ бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов метавонад кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2022 намояндагӣ кунад.
Сабқат аз 28 июл то 10 август дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор мешаванд.
Ҳоло намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Амонатов дар бораи ширкати эҳтимолии ӯ дар олимпиада гуфтушунид доранд.
"Дар шароити муайян ӯ метавонад аз номи тими миллии худ баромад кунад. Ин аз он вобаста аст, ки ӯ бо кори мураббиаш то чӣ андоза банд аст", - гуфт Илҳом Юнусов, дабири кулли федератсия дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гроссмейстер "80% мураббӣ ва ҳамагӣ 20% бозигар" аст. Юнусов изҳори умедворӣ кард, ки Амонатов ба тими миллии Тоҷикистон мепайвандад ва дар мусобиқоти бузурги ҷаҳонӣ ба кишвар пирӯзӣ меорад.
Вале дар ҷумҳурӣ шоҳмотбозони боистеъдоди дигар низ ҳастанд, ки дар олимпиада ба ҳайати тими миллӣ дохил мешаванд. Асосан, инҳо ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии дохилии кишвар мебошанд.
Ҳоло онҳо ба задухурд бо рақибони пурқуввати ҷаҳонӣ фаъолона омодагӣ мебинанд.
"Мо кӯшиш мекунем, ки дастаро дар ҳайати комил фиристем: 4 бозигари асосӣ, 1 эҳтиётӣ, 1 капитан. Ҳам мардон ва ҳам занон", - гуфт Юнусов.
Вай таъкид кард, ки варзишгарон маҳорати худро такмил дода, ҳадафи пирӯзӣ доранд.
Пештар президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот Аркадий Дворкович ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ эстафетаи машъалро дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнай оғоз карданд. Ҳиндустон бори аввал мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аст.
Дар ин маросим Дворкович машъалро ба Моди супурд, ки онро сарвазири Ҳиндустон ба 15-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд супурд.
Эстафетаи машъалгузорӣ дар давоми 40 рӯз аз 75 шаҳр мегузарад. Шумораи шаҳрҳо тасодуфан интихоб нашудааст - имсол Ҳиндустон 75-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад.