Аз дави миллӣ то шоҳмот. Оғози мавсими мусобиқаҳо дар Суғд

© PixabayСпорт в городе
Спорт в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд мавсими мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мегардад, ки иштирокдорон зимни он аз рӯйи қариб 25 намуди варзиш сабқат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар маркази Суғд - шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯзи 15 май дави миллӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор мешавад.
Таъкид шудааст, ки чун ҳарсола иштирокдорон аз назди Маҷмаи ҳавзҳои шиноварӣ ва тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули "Ҷашнӣ" то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат мекунанд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ гузаронида мешавад.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
"Хатлон" дар садру "Истиқлол" дар охир: анҷоми даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси қарори раиси вилояти Суғд аз 20 май то 24 июни соли 2022 сурат хоҳанд гирифт.
Аз ҷумла мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол байни мардон ва бонувон, куштии юнонӣ-румӣ, куштии миллии камарбандӣ, камонварӣ ва варзиши сабук баргузор мешаванд.
Зӯрозмоӣ дар куштии ҷудо, шиноварӣ, куштии миллӣ, воллейбол байни бонувон ва мардон, куштии тарзи озод, самбо, вазнбардорӣ, каратэ-до, бокс, футбол, пойгаи равон, қаиқронӣ, дастхобонӣ, таэквандо ВТФ, теннис ва бадминтон аз бандоҳои дигари мусобиқаҳои кушод дар Суғд арзёбӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0