https://sputnik.tj/20220622/farmoni-putin-qarzi-khorij-rubl-1049420331.html
Фармони Путин барои пардохти қарзи хориҷӣ бо рубл
Фармони Путин барои пардохти қарзи хориҷӣ бо рубл
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия фармонашро барои ҷорӣ намудани тартиби нави пардохти қарзи давлатӣ, ки бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд, имзо намуд
2022-06-22T19:27+0500
2022-06-22T19:27+0500
2022-06-23T15:55+0500
дар русия
владимир путин
иқтисод
қарздиҳӣ
фармон
хориҷӣ
арзиши асъор
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048753727_0:0:3101:1745_1920x0_80_0_0_d8a6adf3dcb16141e17dcbc37becc7a2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Қарзи давлатии хориҷии Русия муваққатан метавонад бо истифода аз рубл пардохт карда шавад. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷмуҳури Русия, имзо карда, тартиби муваққатии пардохти қарзи хориҷии давлатиро муқаррар кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати молияи Русия изҳор дошта буд, ки ба далели маҳдудиятҳои дастрасии Бонки марказию ҳукумат ба маблағҳои басташуда дар суратҳисобҳои асъорӣ, қарзҳои хориҷӣ метавонанд, бо рубл пардохт карда шаванд. Антон Силуанов, вазири молияи Русия, изҳор дошта буд, ки имкони пардохти евробондҳо бо рубл дар аснод аз соли 2018 пешбинӣ шудааст. Ӯ инчунин ин иддаоро, ки Русия уҳдадориҳояшро наметавонад иҷро кунад, бепоя хонда, таъкид намуд, ин кишвар маблағи кофӣ доранд.Силуанов бастани суратҳисобҳои Бонки марказии Русия ва ҳукуматро чун талоши кишварҳои хориҷӣ барои ташкили дефолти сунъӣ арзёбӣ кардааст. Ӯ таъкид намуда буд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд.Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.
https://sputnik.tj/20220622/nishondod-navi-ustuvori-rubl-maskav-1049415765.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048753727_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_4da9400dfa4cd4e575a7e5561095466b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳақ, пардохт, қарз, хориҷӣ, рубл
русия, ҳақ, пардохт, қарз, хориҷӣ, рубл
Фармони Путин барои пардохти қарзи хориҷӣ бо рубл
19:27 22.06.2022 (Навсозишуда: 15:55 23.06.2022) Президенти Русия фармонашро барои ҷорӣ намудани тартиби нави пардохти қарзи давлатӣ, ки бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд, имзо намуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Қарзи давлатии хориҷии Русия муваққатан метавонад бо истифода аз рубл пардохт карда шавад.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷмуҳури Русия, имзо карда, тартиби муваққатии пардохти қарзи хориҷии давлатиро муқаррар кард.
"Уҳдадориҳо дар мавриди еврооблигатсияҳо иҷрошуда маҳсуб мешаванд, агар бо истифода аз рубл, тибқи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилии Русия дар рӯзи пардохт ба қарздиҳанда амалӣ шаванд", - омадааст дар фармон.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати молияи Русия изҳор дошта буд, ки ба далели маҳдудиятҳои дастрасии Бонки марказию ҳукумат ба маблағҳои басташуда дар суратҳисобҳои асъорӣ, қарзҳои хориҷӣ метавонанд, бо рубл пардохт карда шаванд.
Антон Силуанов, вазири молияи Русия, изҳор дошта буд, ки имкони пардохти евробондҳо бо рубл дар аснод аз соли 2018 пешбинӣ шудааст. Ӯ инчунин ин иддаоро, ки Русия уҳдадориҳояшро наметавонад иҷро кунад, бепоя хонда, таъкид намуд, ин кишвар маблағи кофӣ доранд.
Силуанов бастани суратҳисобҳои Бонки марказии Русия ва ҳукуматро чун талоши кишварҳои хориҷӣ барои ташкили дефолти сунъӣ арзёбӣ кардааст. Ӯ таъкид намуда буд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.