https://sputnik.tj/20220621/zarkharid-amrikoi-neru-ukraina-1049382712.html
"Девонахона": зархариди амрикоӣ ҳақиқати даҳшатбор дар бораи нерӯҳои Украинаро ошкор кард
"Девонахона": зархариди амрикоӣ ҳақиқати даҳшатбор дар бораи нерӯҳои Украинаро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Як сарбози амрикоӣ нақл кард, ки чӣ гуна украиниҳо ба далели набуди иртибот миёни воҳидҳо худашон оташ кушодаанд ва ёрони худро куштаанд
2022-06-21T15:15+0500
2022-06-21T15:15+0500
2022-06-21T20:29+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
артиш
қувваҳои мусаллаҳ
украина
има
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1c/1043149734_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_583fde2aa13f6cf6408b4c4200788a8f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Як зархариди амрикоӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина хизмат мекард, вазъ дар майдони ҷангро "девонахона" ва "сирк" номид. Муколама бо ин сарбозро дар Twitter-и худ рӯзноманигор Сет Харп нашр кардааст. Қиссаи сарбози амрикоӣ дар бораи ҷанг барои Северодонетск ҳайратангез аст. Худи рӯзноманигор ин ҳодисаро "даҳшатбор" номид. Вай қайд кард, ки дар саросари Украина сафар карда, "бисёр чизҳоро дидааст". "Ман метавонам бигӯям, ки ояндаи украиниҳо дурахшон нест, агар онҳо ҳамон тавр ҷангро идома диҳанд", - таъкид кардааст низомӣ. Ба гуфтаи ӯ, миёни воҳидҳо робитае вуҷуд надорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста ба сӯи худ тир холӣ мекунанд: “Мо танҳо як тактирандози нерӯҳои вижа, сарбози бритониёиро аз даст додем – ӯ ба мавқеъ гузашт, аммо ӯро БТР украинӣ нобуд кард, зеро касе касеро огоҳ накардааст". Амрико силоҳи махфии Русия дар дохили НАТО-ро гуфт"Онҳо ба мо ҳама вақт дар бораи дастгирӣ нақл мекунанд, аммо худашон аз миномёт се маротиба тир мепаронанду тамом", — мегӯяд бо таассуф зархарид. Дар шарҳи ин ҳикоя баҳси шадиде ба вуҷуд омад. Як корбари Twitter қайд кард, ки ӯ низ аз шиносонаш чунин ҳикояҳоро шунидааст. Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кардБа гуфтаи ин шореҳ, "украиниҳо мемиранд, то Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафи геополитикии худ бирасад".
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1c/1043149734_124:0:1191:800_1920x0_80_0_0_dc9bd83f2cf5d881f150d920162dbfd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зархариди амрикоӣ, нерӯҳо, украина,
зархариди амрикоӣ, нерӯҳо, украина,
"Девонахона": зархариди амрикоӣ ҳақиқати даҳшатбор дар бораи нерӯҳои Украинаро ошкор кард
15:15 21.06.2022 (Навсозишуда: 20:29 21.06.2022) Як сарбози амрикоӣ нақл кард, ки чӣ гуна украиниҳо ба далели набудани иртибот миёни воҳидҳо худашон оташ кушодаанд ва ёрони худро куштаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Як зархариди амрикоӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина хизмат мекард, вазъ дар майдони ҷангро "девонахона" ва "сирк" номид.
Муколама бо ин сарбозро дар Twitter-и худ рӯзноманигор Сет Харп нашр кардааст.
Қиссаи сарбози амрикоӣ дар бораи ҷанг барои Северодонетск ҳайратангез аст. Худи рӯзноманигор ин ҳодисаро "даҳшатбор" номид.
"Одамон беҳуда маҷрӯҳ мешаванд ва мемиранд - ин як сирк аст. Мо дар як ҷанги дусоата ширкат кардем - маълум шуд, ки бо нерӯҳои вижаи Украина ҷангидаем. Агар <...> намебуд, ман ҳеҷ гоҳ дар ин девонахона ширкат намекардам", - навиштааст сарбози амрикоӣ.
Вай қайд кард, ки дар саросари Украина сафар карда, "бисёр чизҳоро дидааст".
"Ман метавонам бигӯям, ки ояндаи украиниҳо дурахшон нест, агар онҳо ҳамон тавр ҷангро идома диҳанд", - таъкид кардааст низомӣ.
Ба гуфтаи ӯ, миёни воҳидҳо робитае вуҷуд надорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста ба сӯи худ тир холӣ мекунанд: “Мо танҳо як тактирандози нерӯҳои вижа, сарбози бритониёиро аз даст додем – ӯ ба мавқеъ гузашт, аммо ӯро БТР украинӣ нобуд кард, зеро касе касеро огоҳ накардааст".
"Онҳо ба мо ҳама вақт дар бораи дастгирӣ нақл мекунанд, аммо худашон аз миномёт се маротиба тир мепаронанду тамом", — мегӯяд бо таассуф зархарид.
Дар шарҳи ин ҳикоя баҳси шадиде ба вуҷуд омад. Як корбари Twitter қайд кард, ки ӯ низ аз шиносонаш чунин ҳикояҳоро шунидааст.
Ба гуфтаи ин шореҳ, "украиниҳо мемиранд, то Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафи геополитикии худ бирасад".