https://sputnik.tj/20220621/taslimi-guruh-neruho-zakhiravi-ukraina-1049390123.html
Таслими гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина бидуни муқовимат - видео
Таслими гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина бидуни муқовимат - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни таслимшудаҳои украинӣ дар наздикии Северодентск аз ҷумла зодаҳоши шаҳру навоҳии Рубежное, Лвов, Тернопол, Виннитса ва Харков қарор доштаанд
2022-06-21T16:40+0500
2022-06-21T16:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
донбасс
таслим
талафот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044717225_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_798a1f3bc1bb70bdcbb9ea35f706b67a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина дар минтақаи Сиротинои наздикии Северодонетск бидуни муқовимат таслим шуданд, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои таслимшудаҳо, онҳо ба қисми низомии 3035 моҳи май даъват шуданд. Қисми мазкур аз соли 2014 дар Луганск қарор дошта, баъдан ба Харков кӯчонда шуд. Таъкид шудааст, ки дар миёни онҳо, ки силоҳ гузоштаанд, аз ҷумла 3 нафар аз Северодонетск ва Ребужное, инчунин сокинони Лвов, Тернопол, Виннитса ва Харков қарор доранд. Зикр шудаст, ки дар Северодонетск нерӯҳои украинӣ талафоти зиёд дида, ба тарафи Лисичанск ва Святогорск ақибнишинӣ карда истодаанд, ки он ҷо низ ҷониби Украина назорат ба қисмати бузурги шаҳрро аз даст додаст. Феълан дар Украина ҳолати ҷангӣ эълон шуда, сафарбарсозии умумӣ амалӣ шуда истодааст. Барои мардоне, ки қобили ҷалб ба артишанд, тарк кардани кишвар мамнуъ шудааст. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220621/zarkharid-amrikoi-neru-ukraina-1049382712.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044717225_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_22a3f970083fe82cc22fbdce2c965cc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таслим, нерӯ, украина, донбасс
таслим, нерӯ, украина, донбасс
Таслими гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина бидуни муқовимат - видео
16:40 21.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар миёни таслимшудаҳои украинӣ дар наздикии Северодентск, аз ҷумла зодаҳои шаҳру навоҳии Рубежное, Лвов, Тернопол, Виннитса ва Харков ҳузур доштаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина дар минтақаи Сиротинои наздикии Северодонетск бидуни муқовимат таслим шуданд, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои таслимшудаҳо, онҳо ба қисми низомии 3035 моҳи май даъват шуданд. Қисми мазкур аз соли 2014 дар Луганск қарор дошта, баъдан ба Харков кӯчонда шуд.
Таъкид шудааст, ки дар миёни онҳо, ки силоҳ гузоштаанд, аз ҷумла 3 нафар аз Северодонетск ва Ребужное, инчунин сокинони Лвов, Тернопол, Виннитса ва Харков қарор доранд.
Зикр шудаст, ки дар Северодонетск нерӯҳои украинӣ талафоти зиёд дида, ба тарафи Лисичанск ва Святогорск ақибнишинӣ карда истодаанд, ки он ҷо низ ҷониби Украина назорат ба қисмати бузурги шаҳрро аз даст додаст.
Феълан дар Украина ҳолати ҷангӣ эълон шуда, сафарбарсозии умумӣ амалӣ шуда истодааст. Барои мардоне, ки қобили ҷалб ба артишанд, тарк кардани кишвар мамнуъ шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.