Набераи Гандӣ аз пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ даст кашид

© AP / Matt DunhamИндийский политик Гопалкришна Ганди
Индийский политик Гопалкришна Ганди
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Набераи Маҳатма Гандӣ, сиёсатмадор ва яке аз чеҳраҳои машҳури Ҳинд аз пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ даст кашид
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Гопалкришна Гандӣ, набераи Махатма Гандӣ ва губернатори собиқи иёлати Бенгалияи Ғарбӣ пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурии Ҳинд дар интихоботи қарибулвуқуъро рад кард.
"Чанд нафар аз раҳбарони муътабари мухолифин манро ба унвони номзади мухолифин дар интихоботи оянда ба мақоми президентӣ пешбарӣ намуданд. Ман аз онҳо хеле миннатдорам. Аммо ман ин масъаларо ҷиддӣ таҳлил кардам ва ба хулоса омадам, ки номзад бояд шахсе бошад, дар кишвар ризоияту фазои миллӣ созад. Бинобар ин ман аз роҳбарон хоҳиш кардам, ки ба чунин шахс имконият диханд”, — гуфт Гандӣ дар изхороташ.
Дар соли 2017 Гопалкришна Гандӣ номзад ба мақоми ноиби президенти Ҳиндустон буд, аммо дар раъйдиҳӣ аз тарафи ноиби президенти феълӣ Венкая Найд мағлуб шуд.
Министр иностранных дел Индии Субраманьям Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Вазири хориҷаи ҳинд ба Аврупо: Ҷаҳон ба Афғонистон хиёнат кард
Қарор аст, кулли мухолифини Ҳинд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ танҳо як номзад пешниҳод мекунанд ва он ҳам рӯзи сешанбеи 21 июн интихобу эълон хоҳад шуд.
Қаблан Комиссияи интихоботии Ҳиндустон интихоботи раёсатҷумҳуриро ба санаи 18 июл таъин карда буд, шумориши раъйҳо рӯзи 21 июл баргузор мешавад.
Президенти Хиндустон сардори давлат ва фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад. Ба таври расмӣ, конститутсияи Ҳиндустон нақши назарраси президентро дар идоракунии кишвар иҷозат медиҳад, аммо дар асл вай бештар вазифаҳои намояндагӣ дорад, дар ҳоле ки кишварро сардори ҳукумат роҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0